Предыдущая публикация
Ту дар бедориву дар хоб зебоӣ, азизи ман,
Кӣ дорад бо чунин зебоӣ ҳампоӣ, азиизи ман?
Ду чашми масти хоби ту, ки мастияш намехобад,
Маро хапгир мегардад ба шайдоӣ, азизи ман.
Лабони дар назар хомӯши ту бо созу рози хеш,
Чӣ дилкаш дошт бо ман сӯҳбатороӣ, азизи ман.
Ту нози ҳар ниёзӣ, бастаи дилбастагиҳоӣ,
Ту ҳар оинаро ҳусни тамошоӣ азизи ман,
Ту бо ман хуфта мехезӣ, ту бо ман банди ҳар чизӣ,
Ба ҳар ҷо меравам, бо ман ту меоӣ, азизи ман.
Ба рағми дурии маҷбурии мо мекунад ҳар дам,
Лаби ман бо лаби ту бӯсапартоӣ азизи ман.
Ту рамзи хубӣ, рамзи меҳрубонӣ, рамзи ишқ астӣ,
Ту яктоӣ, ту бемислию ҳамтоӣ, азизи ман.
Кадриддин Бобоев.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев