Роҳе, ки дар акс мебинед, роҳҳои “бесоҳиб”-и танҳо самти деҳаҳои Озодии Шарқ, Янгидеҳкон, Баҳористон, Илич, Навдӣ, Ленин, Каленин, Тоҷикистон ва Нахимов мебошад, ки ба таъмири куллӣ ниёз дорад. Ин роҳ сокинонро ба маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мерасонад ва ҳамарӯза садҳо мошин бо ин масир мегузаранд.
Ронандагон шикоят аз он доранд, ки бар асари харобии роҳи мошингузар қисмҳои эҳтиётии мошинҳояшон зуз-зуд корношоям мегардад. Вале масъулони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ин самт бо назди ин муассиса мегузарад, чораандешӣ намекунанд.
Дар ин баробар ҳатто барои беҳдошти инфрасохтори маҳал ва ҳалли мушкилоти пешомада масъулони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бетарафиро ихтиёр кардаанд. Аз ин бар меояд, ки масъулини нигоҳдории роҳҳо аз вазъи хароби роҳ бо чашми сар мебинанд, аммо барои рафтуомади бе мамониати воситаҳои нақлиёт чораандешӣ намекунанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки натанҳо роҳҳои ин минтақа валангор аст, балки роҳҳои дохилии шаҳраки Ҷомӣ, самти Ҷомӣ – Ёвон низ айнан чунин мушкилиро доранд.
КУПРУК КАЙ ОБОД МЕШАВАД?
Наздик ба 3 сол мешавад, ки ронандаҳо ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон ҳангоми гузаштан аз ин мавзеи харобу садамабор дучори мушкилӣ мешаванд. Ин пул воқеъ дар деҳи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, ду ноҳияро бо ҳам мепайвандад. Пули мазкур чанд сол пеш дар натиҷаи омадани сел хароб гардида, зоҳиран, аз таваҷҷуҳи масъулин дур мондааст. Касе намедонад, ки кай ва кӣ бояд ин пулро таъмиру азнавсозӣ кунад?
Чун ин мавзеъро наворгирӣ мекардем, ронандагон бо дарки он, ки рӯзноманигор ҳастем, хоҳиш карданд ҳақиқати ҳолро ба «боло» расонем, то мутасаддиён ҳарчи зудтар ин роҳҳои фарсудаю валангорро барои равуо сокинон мувофиқ созанд.
Мо ҳам умед ба «гӯши суханшунав» доштани масъулони ин ноҳия Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳия ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебандем.
Комрони БАХТИЁР,
рӯзноманигор
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2