Хонандаи азиз! Шояд баъди мутолиаи мактуби ман ба сӯям санги маломат партофта, ба он волидоне, ки ман барин духтарро ба дунё овардаанд, лаънат хонӣ, аммо ман аз ту хафа намешавам, чунки ҳақ ҳастӣ. Шояд ман не, қалбам гунаҳгор бошад, зеро кадом духтари ҷавон мехоҳад, ки арӯси марди пири 45-50 сола бошад? Ҳеҷ кас, вале баъзан инсон беандешаю беақл шуда, чӣ кор карданашро намедонистааст, ман низ аз зумраи чунин нафаронам.
Духтари зеботарини донишгоҳ будам, тамоми ҳамсабақон ва ҷавонони сарватманду хушқаду қомати донишгоҳ кӯшиши дили маро ба даст оварданро мекарданд, вале рад менамудам, чунки ошиқ шудан намехостам, ҳушу ёдам пайваста ба таҳсил банд буд, аниқтараш мехостам, ки зани коргару
баобрӯ шаваму ҳама маро шиносанд,
маҳз ҳамин орзуву ҳавасҳои бемаънӣ маро ба оғӯши марди 45 сола бурд.
Дар курси дуюм таҳсил мекардаму аз тарафи донишгоҳ мо, донишҷӯёнро ба ҳар корхона барои таҷрибаомӯзӣ равон карданд. Ману дугонаам Мӯниса ба корхонаи бонуфузе афтидем. Вақте вориди ин коргоҳ шудем, роҳбари он моро бо хушсуханӣ пешвоз гирифта, бо тамоми кормандонаш шиносонд. Бовар кунед, ӯ 45 сола бошад ҳам, хаёл мекунӣ, ки 29-30 сола аст, зеро ҷавон менамояд, зебогиаш ҷойи ҳарф задан нест. Бо як нигоҳ ошиқаш гаштам ва ҳар рӯз ба хотири дидори ӯ субҳи барвақт аз хоб бедор шуда, худро оро медодаму шитобон роҳ пеш мегирифтам сӯи коргоҳе, ки вай роҳбар аст. Шояд ман ҳамсинну соли духтараш буда, ӯ маро чун фарзанди худ дӯст медошту эҳтиром ва кӯмак менамуд, вале ҳар як дастгирӣ, ҳар як сухан ва ҳар як нигоҳу ин ё он чизро фаҳмонданҳояш муҳаббатро нисбат ба ӯ дар қалбам зиёдтар мегардонд. Ҳамагӣ як ҳафта тоқат кардаму косаи сабрам лабрез гашт ва худ дарди дил намудам. Раис низ гӯё маътали ишора бошад, муҳаббатамро қабул карда, аввал саволборонам намуд ва тамоми суханони дил, ҳатто орзуву ҳавасҳоямро низ фаҳмид. Чун огаҳ гашт, ки ман обрӯманд ва ё шинохта шудан мехоҳам, дарҳол аз ин истифода бурда, наздам шарт гузошт, ки агар духтариамро ба вай бахшам, қодир аст, ки ҷонашро бароям фидо созад. Ман низ чун ташнаи ӯ буда, девонавор ошиқаш гашта будам, бе ягон дудилагӣ пешниҳодашро қабул кардам. Бори аввал дар утоқи худи ӯ ҳамхоба шудем. Бӯсиданҳою навозишҳояш хеле устокорона буданд, ба ман кайфият ва илҳом бахшиданд. Минбаъд мисли нашъамандон хуморӣ мешудаму худам раисро зорӣ мекардам, то як лаҳзаҳак ҳам бошад, бо ман хоб рафта, оромам созад. Бо ёди оғӯши гарму бӯсаҳои ширини ӯ девона мешудам, мехостам ҳамеша дар бағалаш бошам, вале…
Ин гуна муносибатҳои мо чандин маротибаи дигар такрор ёфт. Рӯзе ҳангоми бозори «Корвон» рафтан дар нақлиёт сарам чарх зада, дилам беҳузур шуд, дар аввал аҳамият надодам, вале ин сарчархзанию дилбеҳузурӣ такрор ёфтан мегирифт.
Фикр кардам, ки фишори хунам паст асту барои ҳамин сарам чарх мезанад, вале баъди аз назди духтур гузаштан, маълум шуд, ки ҳомила шудаам. «Хушхабар»- ро ба раис расондаму дар бало мондам.
- Дубора зангам назан ва идора набиё, вагарна донишгоҳат рафта назди ҳамсабақону устодонат тамоми беодобиҳоятро қисса мекунам ва шармандаю сархам мешавӣ!
Аз шунидани ин ҷумлаи таҳдидомези
ӯ то андозае тарсидам ва дубора номи коргоҳу таҷрибаомӯзиро нагирифтам. Ҳамсабақам чандин маротиба сабаб пурсид, вале сир бой надода, гуфтам, ки дафтарчаамро ту пур карда биёр, ман дигар намеравам, каме нотоб шудаам. Мӯниса бехабар аз дарди дилам, розӣ шуд ва ба дафтарам дастхати раисро гирифта, оварда ба дастам дод. Ман бошам, назди табибе рафта тифли батнамро исқоти ҳамл кардам. Бовар кунед, аз карда мисли саг пушаймонам, вале дигар чӣ фоида? Магар бо пушаймонӣ номуси рафтаам бармегардад? Албатта не! Ғайр аз ин, ман пас аз исқоти ҳамл кардан, саломатиамро низ аз даст додам, вале ба дарду ғам тоқат мекунаму ба касе сири дил намекушоям, аз шарманда шудан метарсам, ҳарчанд, ки аллакай шармандаам. Роҳамро гум карда, намедонам чӣ кор кунам, хостгорони зиёд низ дари хонаамонро кӯфта истодаанду ман бошам, ҷавоби рад дода, ҳамаи онҳоро ноумед аз дари хона гусел дорам, охир дигар чӣ кор ҳам карда метавонам? Аз пушти ҳавою ҳаваси ҷавонӣ рафта, ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам. Медонам, ки шумо, хонандагони гиромӣ, пас аз хондани ин дарди дили аблаҳонаи ман садҳо, ҳатто ҳазорҳо маротиба ману волидонамро лаънат мехонеду нисбатамон нафрат пайдо мекунед, вале бо вуҷуди ин, хоҳиш мекунам, ки ба ман роҳи дурустро нишон диҳед, то аз ин бадтар нашавам.
Манижа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 966
ИН ГУНА ФАХШУ ФОИШАГИРО ИН ГУНА БЕХАЁИРО ФАКТ САРВАРИ
ДАВЛАТАМОН ЧАНОБИ ОЛИ ГИРИФТА МЕТАВОНАД ТАМОМ АБСУЖДАТИ БИСОР НАКНЕН ФОЙДА НАДОРА ПАНОХАТОН БАР ХУДО