Шавҳарам зани баҷоӣ дорад, вале... Салом! Ман як зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта,бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале тақдир барои марди дӯстдоштаам писар таваллуд карданро ба ман насиб надид. Ҳар дафъаи ҳомиладориам Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман як шоҳписар диҳад, аммо боз духтар тавалуд мекардам. Шавҳарам аввалҳо “духтару писар ҳамааш доди Худованд аст” гӯён, маро дилбардорӣ мекард, вале баъди тавлиди духтари сеюмам гоҳ-гоҳ таъна мезадагӣ шуд, ки ту фақат духтар ба дунё меорӣ. Мегуфтам, ки “ҳой мардак, ношукрӣ накунед, охир баъзе одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале Худованд ба онҳо на писар медиҳаду на духтар”, аммо шавҳари духтарбезорам ҳар бори таваллуд карданам қаҳр карда, чанд рӯз ба таваллудхона намеомад ва баъди ба хона баргаштан низ «занак, ту аз духтарзоӣ кай сер мешавӣ?! Ақалан як бача кун!» гуфта, ба дилам неш мезад. Худ ба худ мегуфтам, ки агар Худованд писар ё духтар зоиданро ба ихтиёри худи зан мемонд, якто не, даҳ бача мекардам, вале фарзанд доди Худост, хоҳад медиҳад, нахоҳад не, охир ман чи кор кунам... Хулласи калом, солҳо турнасон гузаштанд ва ман бо умеди ақаллан як писар таваллуд кардан пай дар пай шаш духтари зебои заркокулро ба дунё овардам. Рафта-рафта шавҳарам, ки дар шаҳр кор мекард, баъзан шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд, вале ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падари фарзандонам бо касе ишқварзӣ мекунад ё шояд зани дигар гирифта бошад. Рӯзе ҷиянам Мафтуна, ки дар корхонаи шавҳарам котиба шуда кор мекард, беҷуръатона гуфт: «Аммаҷон, ҳар рӯз як зани зебо ба назди язнаам меояд. Шумо намедонед, ки он занак кист?» Асабонӣ шуда бошам ҳам, сир бой надода гуфтам: «Ягон шиносашон будагист-дия, аҳамият надеҳ!»  Ду рӯз пас шавҳарам ба хона омад ва ҳисси кунҷкобиям боло гирифта пурсидам: «Мардакҷон, росташро гӯед, шумо ягон бор ба ман хиёнат кардаед ё не?» Рангаш канда бошад ҳам, ҳозирҷавобӣ намуда, гуфт: «Магар зани худам ягон айб дорад, ки аз паси дигар беваҳо давида гардам?!» Дилам аз ин ҷавоби шавҳарам каме ором гирифт, вале ҳамон шаб ба телефони дастии падари бачаҳоям аз рақами ношиносе занг омад. Бедораш кардам. Шавҳарам телефонро гирифта, ба берун баромад. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дод ва ноаён аз паси дар гапашро гӯш кардам. «Барои чӣ дар як поси шаб ба ман занг задӣ?! Қариб монда буд, ки занам фаҳмад! Ту характери зани маро намедонӣ, вай чунон зани шаттоҳу бадтол аст, ки дар сарат чормағз мешиканад. Худо накарда асли гапро фаҳмад, балои азимеро ба сари ҳардуямон мебиёрад. Аз ҷак-ҷаки ин занаки серҷоғ кайҳо безор шудаам, вале ҷойи гурез намеёбам. Дасту дилам аз зиндагӣ бо вай хунук шудааст, лекин дигар илоҷ надорам. Духтарҳоям калон шудаанд, агар онҳоро партофта равам, мардум ба ҳолам механданд» мегуфт шавҳарам. Фаҳмидам, ки падари фарзандонам дар шаҳр зани баҷоӣ доштааст. Ҳамон шаб то саҳар гиря кардам, аммо ба касе сир бой надодам. Намедонам чӣ кор кунам? Рашк чунон дилу ҷигарамро месӯзад, ки мехоҳам рафта зани дуюми шавҳарамро пора-пора кунам, вале хотири шаш духтарам боз астағфуриллоҳ мегӯям. Метарсам, ки агар барои дар болои ман зан гирифтанаш бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунам, ҷавоби маро медиҳад ва духтарҳоям бе падар мешаванд. Хонандагони рӯзгордида, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Суроғаашро ёфта, ба сари зани дуюми шавҳарам равам ё ба хотири бе падар нашудани духтарҳоям худамро ба кӯрию карӣ зада гардам? Манзура аз н. Рӯдакӣ 
    69 комментариев
    27 классов
    Шавҳари шаҳрӣ ёфта, бадбахт шудам...
    13 комментариев
    42 класса
    КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ Қисми 72... (Идомааш) Бо шунидани суханони охирини Садоқат Холбибиро гӯё якбора барқ зада бошад, ларзид. Ӯ лолу карахт ба Садоқате, ки дар миёни хона рост истода мунтазири ҷавоби модараш буд, нигоҳ карда, чӣ гуфтанашро намедонист. Чашмонашон бо ҳам бархӯрда, ҳарду баробар сар ба зер андохтанд. Ниҳоят, Холбибӣ худро ба даст гирифта пурсид: -Дар бораи васиятномаи падарат ту аз куҷо медонӣ? Падарат на васият кардаасту на чизи дигар. Бечора якбора аз гап монда, тарки ин дунё кард... -Оча, дурӯғ гуфтан ба шумо намезебад ва дурӯғ гуфта ҳам наметавонед. Ман васиятномаи падарамро ёфтам, дар он ҷо ким чӣ хел гапҳо навиштагӣ. Намедонам бовар кунам ё не? Холбибӣ, ки ҳанӯз сарашро мисли хонандаи гунаҳгори мактаб ба поин андохта буд, дубора баргашта ба хона даромад ва ба рӯйи кати хоби Иқбол, ки наздиктар буд, нишаст. Пас, рӯ ба Садоқат оварда гуфт: -Духтарам, ту медонӣ, ки падарат пеш аз маргаш андаке бемори руҳӣ шуда буд ва ҳарчи ки ба забонаш меомад, мегуфту ҳарчиро, ки дилаш хоҳад, ба рӯйи коғаз менавишт... -Оча, боз дурӯғ гуфта истодаед. Падарам ягон хел бемории руҳӣ надоштанд, худатон борҳо гуфта будед, ки калимаи шаҳодат дар даҳон ин дунёро тарк карданд. Беҳтараш гӯед, ки чӣ гап аст… Холбибӣ асабӣ шуда бо ситеза гуфт: -Аввалаш ин ки, чаро ту бе иҷозати ман сандуқчаамро кушодӣ? -Оча, ман онро накушодаам, дар вақти бозии Иқбол ба замин афтода, тамоми чизҳои дар дарунаш буда дар рӯйи хона парешон шуданд. Ман васиятномаи падарамро аз байни ҳамон чизҳои афтида ёфтам. -Канӣ ҳамон коғаз? Садоқат аз ҷояш бархоста сумкачаашро аз мехи девор гирифт ва даҳонашро боз намуда, аз он коғази чорқати зардшудаеро берун оварду ба модараш дароз кард. Баробари ба даст гирифтани варақ Холбибӣ дигар тоқат карда натавониста инони гиряро сад дод. Аввал китфони пиронаи харобаш дар зери куртаи тунук ба ларзидан сар карданд, баъд ҳунгосзанон гиря кардан гирифт. Садоқат камзулчаи модарашро аз либосовезак гирифта ба китфи ӯ партофт ва аз болои он бо ду даст Холбибиро оғӯш карда дар бехи гӯшаш пичиррос зад: -Модарҷон, дар он коғаз чизе навишта шудааст ё не, барои ман фарқ надорад. Ту ягона модарам ҳастӣ ва ман ягона духтари ту... Холбибӣ бо шунидани ин суханон боз ҳам баландтар гиря карда, духтарашро ба канораш гирифт ва бо садои гиряолуд гуфт: -Маро мебахшӣ, духтарҷон. Ин гуноҳи ман, ки то имрӯз ба ту чизе нагуфтам. Раҳматии падарат гуфта буд, ки ҳақиқати ҳолро баъд аз ба шавҳар баромаданат ба ту гӯям, аммо дили сабилмондаам нашуд, ки дар хушбахттарин рӯзҳои зиндагиат туро хафа кунам. Натиҷааш ҳамин шуд, ки дар ҳамин рӯзҳои бади ҳаётат аз ҳақиқат огоҳ шуда, боз як зарбаи сахти рӯҳӣ бигирӣ… Ман туро таваллуд накарда бошам ҳам, аз як ё дурӯзагиат калон кардаам. Дар солҳои ҷанг бароят бо азобе падари раҳматиат шир ёфта меомад. Вақте ки одамонро дар сари роҳ барои як нон кушта мепартофтанд, бечора дадаат бо ким-кадом роҳҳо бароят ширӣ сунъӣ ёфта меовард, ман бошам, туро нигоҳубин мекардам. Духтарҷон, ту ба падарат гӯри заррин ҳам канӣ, меарзад. Пас аз як моҳи туро ба хона овардан худованд муъҷизаашро нишон дод ва дар синаи ман шир пайдо шуд. Пештар мегуфтанд, ки агар зан ба ягон кӯдак меҳри беандоза пайдо кунад, синааш хушк бошад ҳам, дар он шир пайдо мешавад, вале ман бовар намекардам. Баъди оне ки дар синаи худам шир пайдо шуд, фаҳмидам, ки пирон ин гапро аз таҷрибаи рӯзгор мегуфтаанд. Падари раҳматиат туро бисёр дӯст медошт, чунки худаш туро аз байни обу оташ халос карда буд. Мегуфт, ки баробари ба хона омадани ту баракати хонадон афзун гашта, ҷангҳо бас шуданд ва... ва баъд аз шашмоҳа шуданат дар батнам ҳамин додаракат Фирӯзҷон пайдо шуд. Барои қадами некат падарат туро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Ман намехостам, ки ҳақиқатро фаҳмида аз мо дилхунук шавӣ, вале раҳматӣ падарат мудом мегуфт: «Холбибӣ, ману ту фарзанди мардумро калон кардем ва барои ин моро Худо раҳмат мекунад, аммо ба ӯ баъд аз даромадани ақлаш ҳақиқатро бояд гуфт, вагарна парвардигори олам моро намебахшад. Кӣ медонад, шояд падару модари ҳақиқиашро кофта меёбад...” Васиятномаеро, ки ҳоло ту ба ман додӣ, пас аз маргаш аз зери болишташ ёфтам ва онро пинҳон кардам, то ки тую Фирӯз набинед. Дилам нашуд, ки онро дарронда партоям. Кори Худоро бин, ки он дар ҳамин рӯҳзои шум ба дасти ту афтидааст. Ин аст ҳақиқати ҳол... Як муддат ҳарду дар оғӯши ҳамдигар хомӯш монданд, баъд Садоқат чашмони намнокашро бо нӯги рӯймолаш пок карда, аз рухсораи модараш бӯсид ва гуфт: -Хуб кардӣ оча, ки то ин дам нагуфтӣ! Ҳоло ҳам нагӯй. Ту модари ман ҳастӣ, ба ман дигар ягон падару модар лозим нест. Бигзор додаракам Фирӯз ҳам ин чизро нафаҳмад, ки барояш як зарбаи сахт хоҳад шуд. Ман ӯро ва ӯ маро сахт дӯст медорад, ман намехоҳам, ки байни мо ба қадри як гард ҳам бегонагӣ бошад. Фаҳмидӣ оча? Агар ҳамин тавр накунӣ, ту модари ман нестӣ... Холбибӣ, ки дар чеҳрааш мисли офтоби баъд аз борон андаке нишони хушҳолӣ пайдо шуда буд, гуфт: -Хуб, ҷони оча, акнун, ки худат аз ҳақиқати ҳол огоҳ шудӣ, ихтиёр ба туст, ҳарчи гӯӣ, ман ҳамонро мекунам... Ин дам аз дар Иқбол давон даромада омад ва модару бибиашро дар болои катчаи худ дида гуфт: -Ҳа, шумоён маро берун карда дар болои катчаам хоб карданӣ-мӣ? -Не, ҷонаки ширини ман, мо онро гарму нарм карданием,-ҷавоб дод Холбибӣ. -Бибӣ, бачаҳои ҳамсоя мегӯянд, ки бибии Ҷамилаатро гӯр карда омадӣ, акнун бибӣ надорӣ... -Не, бачаҷон, тую тағои Фирӯзат бибиатро ба он ҷо бурдед, ки андак дам гирад, баъд меояд... -Дадаамро ҳам ба ҳамон ҷо мебарем, вай ҳам камтар дам гирад, баъд ҳардуяшон меоянд, майлаш ? Аз ин суханони Иқболи 4- сола ҳарду як қад париданд ва баробар ба ҳамдигар нигаристанд, вале чӣ ҷавоб доданашонро надониста хомӯш монданд... (Давом дорад ) А Хочи
    21 комментарий
    29 классов
    Эй Очаи ҷон, дилаки ту дард накунад, Ин хонаи гарми ту, Худо, сард накунад, Рӯи сурхи ту, Оча, бувад давлати мо, Ин рӯйи туро Оча, Худо, зард накунад. #Модар
    116 комментариев
    1.1K классов
    Фарзанди падар хоҳи нахоҳи дигар аст. Бо меҳру муҳаббат ӯ лахти ҷигар аст. Як нусхаи хуби Падару Модари ҷон. Дунёи умед ҳам ба кас болу пар аст.
    2 комментария
    322 класса
    Фарзанд қувату дармони ҳар як марду зан аст...
    6 комментариев
    546 классов
    БА МАН ЗАНИ БЕЗЕБ ДОДАНД... Ҷавони 24- сола ва сокини шаҳри Хуҷандам. Имсол донишгоҳро хатм мекунам ва ҷои корам тайёр аст. Соҳиби кори сердаромад мешавам, аммо як масъала маро хеле азоб дода истодааст. Ҳамсарамро надида гирифта будам ва ситораҳоямон ҳеҷ рост наомада истодаанд. Келинро падарам аз Исфара ёфтанд. Фикр мекардам, ки бо духтари зебою бомаънӣ хонадор мешавам, вале хато кардам. Арӯсам безеб ва бар замми ин, бисёр чалфас баромад. Ба худаш аҳмият намедиҳад, гӯё арӯс неву тайлоқ бошад, бо як либос ҳам кору бори хонаро мекунаду ҳам мехобад. Худам, ки ҷавони зебою олуфтаам, тоби чунин чалфасиро надорам. Занам аз ягон ҷиҳат ба ман муносиб ва лоиқ нест. Шабҳоро бо азоби алим дар паҳлӯяш саҳар мекунам. Аввалҳо хотири обрӯи волидонамро намуда, тоқат мекардам, вале рафторҳои беақлонаи занам ҷонамро ба лабам расонданд ва билохира ҷойгаҳамро аз ӯ ҷудо кардам, чунки аз бӯи бади даҳону арақи тани чиркинаш дилам беҷо мешуд. Ягон роҳи аз зани бадрӯй ва чиркинакам холос шуданро наёфта, ночор ба редаксия нома навиштам, то бо кӯмаки «Оила» падарамро аз дарди дилам воқиф созам. Падарҷон, то имрӯз ҳар чи кардед, хотири падариатон сабр намудам. Шумо агар мӯр гӯед, мемурам, вале дигар тоқати бо келини ифлосакатон зиндагӣ карданро надорам. Ҳамкурсонам фаҳманд, ки мани олуфта чунин духтари сиёҳҷурдаи чиркинакро ба занӣ гирифтаам, ба ҳолам механданд ва аҷаб нест, ки ба рӯям туф кунанд. Ба хубӣ келини ёфтаатонро ба хонаи модараш бурда монед, дадаҷон. Якравӣ мекарда бошед, дониста монед, ки аз умрам як рӯзи дигар монданашро донам ҳам, ман албатта дар болояш зани дигар мегирам! Манучеҳр 
    125 комментариев
    31 класс
    Қарздор то аз қарз раҳои наёбад кораш барор намегирад. Шайх Муҳаммат Содиқ.
    1 комментарий
    59 классов
    Ман Саломат ҳастам. Ба кормандони сомона саломативу рӯзгори хушро орзумандам. Хонаводаи мо дар маҳаллаи Қазоқони ҳозира зиндагӣ мекарданд. Дар оилаи мо 5 фарзанд, 2 духтару 3 писар буд, падарамон барвақт аз дунё гузашта буд. Саробони мо танҳо модарамон буд, дар давоми ин солҳо ноилоҷ 2-3 шавҳар кардаву бо меҳнати худ рӯзамонро мегузаронид. Солҳои сипарӣ шуданду мо ятимон калон шудем. Апаам Қурбонгул солҳои 1972-1973 шавҳар карданд. Модарам маро дар ҳавлиямон ба шавҳар дод, яъне шавҳари ман хонадомод шуд. Шавҳарам коргари оддӣ буд, боз баъзе ҳунарҳо низ дошт. Мо дар як гӯшаи ҳавлӣ хона андохта, соҳиби 2 фарзанд шудем, бадбахтона духтарчаамон аз дунё гузашт. Бародарам оиладор шуду рӯзи ман сиёҳ гашт, баъдтар додаронам низ хонадор шуданду ҷангу ҷанҷол дар хонаводаи мо зиёд шуд. Модарамро барои хонадомод кардани шавҳарам сарзаниш мекарданду маро бадбинӣ карда мегуфтанд, ки духтар ҳақи дар ҳавлии падар зистанро надорад. Модарам аз тарси писару келинҳо тарафи маро намегирифт. Фарзандони падарам ҳар рӯз дилсиёҳӣ мекарданд. Ману шавҳарам хонаамонро ба савдо гузоштем, вале ҳеҷ онро фурӯхта наметавонистем. Солҳои 91-92 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҳамсояамон Баҳром бо мақсади харидорӣ намудани ҳавлии мо 63 ҳазор рубли “деревянный” пешниҳод намуд. Баҳром ба мо 18 ҳазор дода, ваъда дод, ки боқимондаи пулро баъдтар медиҳад. Шавҳарам боз каме пул дошту ба болои пули додаи ҳамсоя монда, хонаи 1-ҳуҷрагӣ харидем. Ҳанӯз хонаи харидаамонро хариду фурӯш накарда будем, ки ҳамсояамон Баҳром аз раъяш гашту талаби 18 ҳазорашро карда гуфт: Ман ин ҳавлии ҷанҷолиро намегирам, пулро баргардонед! Шавҳарам сари калобаашро гум карда, намедонист чӣ кор кунад. Билохира бо бародарам Раҷаббек гапзанон карда, чунин пешниҳод намуд: -Ту як умр дар талаби ҳавлии падарат будӣ, беҳтараш ҳавлии моро худат харидорӣ кун. Раҷаббек аз хешу ақрабои занаш 18 ҳазор пул оварда, ба ҳамсояамон Баҳром доду шавҳарамро ба гап андохта гуфт: -Биё ба идораи нотариус рафта, хонаро хариду фурӯш кунем, сипас пули боқимондаро медиҳам, -баъдтар фаҳмидем, ки ин ҳама фанду фиреб буда, бародарам ба мақсади чандинсолааш расидааст. Хулоса, имзои шавҳарамро гирифтанду хона ба номи бародарам шуд. Байнамон гуфтугузорҳо шуду мо ба ҷои ҳавлӣ хонаи 1-ҳуҷрагиамонро низ додем. Пас аз чанде дарак ёфтем, ки бародарам якҳуҷрагиро ҳуҷҷати нав карда фурӯхтаасту овоза кардааст, ки хонаамонро баргардонидааст. Бояд қайд намоям, ки ман бо шавҳарам хати загс надоштем, бинобар ин имзои маро ҳангоми хариду фурӯши хона намепурсиданд. Кор то ба суду прокуратура расид. Ноомади корро бинед, ки ҳамсояамон Баҳром, ки барои ҳавлӣ ба мо 18 ҳазор дода буд, гуфтааст, ки ба мо 70 ҳазор додааст. Ҳамсоя бо бародарам забон як карда, бар ивази ин гапи дурӯғаш аз фарзанди падарам замини пушти хонаи маро талаб кардааст. Бародарам хешу ақрабои занаш ва ҳақу ҳамсояҳоро шоҳид гузаронид. Аз ҳама аламовараш ин буд, ки апаам Қурбонгул ва додаронам аз Худо натарсида, дар ин баёнати бардурӯғ шоҳидӣ дода, гуфтаанд, ки язнаамон ҳамаи пулро гирифт. Мурофиаи судӣ ба фоидаи онҳо ҳал шуд. Азбаски писарони бародарам дар Русия кор мекунанду аз онҳо ба фарзандони падарам фоида мерасад, нисбати ман чунин беадолатиро раво диданд.  Хулоса, бародарам бо занаш хурсанду мамнун буданд, ки бо 18 ҳазор ин қадар бурд карданд. Ҳам хонаи 1-ҳуҷрагӣ ва ҳам ҳавлӣ ба номашон шуд. Модарамро чандин бор ба наздам равон карданду гуфтанд, ки барои худ аз мақомотҳои болоӣ хона талаб кунам, вале фарзандони падарам бо сад ҳиллаву найранг хонаи маро аз худ карданду магар аз дигарон умед карда метавонистам? Тавре дар боло қайд кардам, дар ягон ҳуҷҷати хариду фурӯш имзои ман набуд, ноомади корро бинед, ки як-ду ҳуҷҷатамро низ гум карда будам. Рӯзе бародарам маро дар кӯча дида, чунин маслиҳат дод: -Ҳуҷҷатҳои хонаро тахт куну имзо гузор, то “бомж” нашавӣ, маҳаллаамонро чаппа карда истодаанд. Фикр кардам, ки Худо ба дили бародарам раҳму шафқат ҷой кардааст, ба ӯ бовар карда, ба архиви Вазорати адлия рафтам имзо гузоштам. Баъдтар фаҳмидам, ки боз фиреб хӯрдаам, яъне мероси падарамро ба бародарам фурӯхтаам. Ин ҳама соли 2019 рух дода буд. 15 сол шуд, ки шавҳарам аз дунё гузаштааст, ману писарам танҳо зиндагӣ мекунем. Писарам 47 сол дораду худам 66-солаам, ноомади корро бинед, ки имсол дар ҳавлиям афтида, поям шикаст. Писарам маро нигоҳубин мекунад. Ногуфта намонад, ки соли 2019 баъди дар ҳуҷҷатҳои архив имзо гузоштанам, аз ҷониби бародараму занаш ким чӣ хел сару садоҳо баланд шуд. Аз гуфтору рафторашон ҳис кардам, ки онҳо марги маро мехоҳанд, инро девори миёни ҳавлӣ тасдиқ мекунад. Охир, дигар ман барои онҳо як дарди сарам, зудтар аз ман халос шудан мехостанд. Лекин қисмат инро нахост, ҳарчанд дар мурофиаҳо бурд карда бошанд ҳам, аммо қонуни иллоҳиро фаромӯш карда буданд. Дар муддати 28-30 сол аз ғайб чӣ қадар ҷазо диданду руҳу арвоҳҳоро ноором карданд, танҳо худашон медонанд. Мақсад аз рӯи коғаз овардани ин моҷарои оилавӣ дар ҳамин аст, ки бигзор сарнавишти ман барои дигарон дарси ибрат шавад. Бигзор ҳама фаҳманд, ки аз рӯи нафси дунёӣ байни фарзандони падар чӣ воқеаҳое рӯй намедиҳад. Саломат (Номҳо иваз шудаанд.) 
    4 комментария
    36 классов
    Сағерабача қисми 6... Давомаш ... Ҳамин тавр, бо амри табиб ҳуҷҷатҳои пиразанро зуд тахт карданд ва ташхисҳои заруриро анҷом дода, беморро ба ҳуҷраи амалиёт бурданд. Хушбахтона амалиёт бомуваффақият гузашт. Талхадони кампирро бурида гирифтанд ва ӯро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ гузаронданд. -Шумо аз роҳи дур будаед, беҳуда ташвиш кашида, дар ин ҷо наистед. Беҳтараш рафта дам гиред. Мариз ба ҳуш ояд, мо худамон ба шумо занг зада, хабар медиҳем,-гуфт Самад ва аз ҳамшираи шафқат хоҳиш кард, ки рақами телефони писарони маризро навишта гирифта, онҳоро ба хона ҷавоб диҳад. -Духтурҷон, охир ин чӣ хел мешавад? Мабодо шаб ягон дорую дармон лозим шавад... -Ман гуфтам-ку, чизе, ки лозим бошад, мо худамон мекунем. Шумо бемалол рафтан гиред,-фарзандони маризро дилпур намуд духтур. Бачаҳои кампир ҳайрон-ҳайрон ба Самад менигаристанд, зеро онҳо чунин духтури хайрхоҳро дар умрашон бори аввал медиҳанд.... Некӣ куну ба об андоз Пас аз ду-се рӯз кампирро ба палата гузаронданд. Фарзандонаш рӯзе як маротиба ба аёдати ӯ омада, танҳо шӯрбоча ё ягон хӯроки парҳезии дигар меоварданд, вале табиби машҳур маризашро хору зор шудан намемонд. Вай субҳгоҳон ба кор омада, пеш аз ҳама аз ҳолу аҳволи ҳамин пиразан хабар мегирифт ва бо ӯ ҳазлу шӯхӣ карда, дилбардорӣ мекард, ки зиқ нашавад, Худо хоҳад, бе талха ҳам 100 сол умр мебинад. Ҳампалатаҳояш ба ӯ ҳасад бурда мепурсиданд, ки магар ин духтур хеши наздикатон мешавад, ки нисбати шумо ин қадар меҳрубон аст. Кампир китф дарҳам кашида мегуфт: -Ҳафт пушташро намешиносам. Дар умрам ӯро бори аввал дар ҳамин ҷо дидам, вале ин духтур одам не, фаришта будааст. Вай ҷони маро аз марг наҷот дод. Ҳамин табиби ғамхор намебуд, мани мабағал яқин бе аҷал мурда мерафтам. Худованд падару модарашро раҳмат кунад ва ба ҳаёташ файзу баракат диҳад. Сиҳату саломат ба хона баргардам, ҳамеша дар намозҳоям дар ҳаққаш дуои нек мекунам. Илоҳо хока гирад, дар кафаш зар гардад... Пешниҳоди аҷиб Аз ҷарроҳӣ беш аз як ҳафта гузашт. Аз рӯйи қоида бояд маризро ба хона ҷавоб медоданд, вале Самад фарзандони кампирро ҷеғ зада гуфт: -Модаратон ҳанӯз ба пуррагӣ шифо наёфтаанд, вале дар беморхона беморон хеле зиёд шуда, ҷой нест. Агар шумо розигӣ диҳед, ман модаратонро ба хонаи худам бурда, боз се-чор рӯзи дигар табобат мекунам, баъд метавонед омада, он касро ба хона баред. Инро ба он хотир мегӯям, ки хонаи шумоён дур будааст, мабодо ҷойи ҷарроҳӣ чирку зардоб гирад, аҳволашон бад шуда метавонад... Азбаски писарони пиразан аз ин табиб некии зиёде дида буданд, дарҳол розигӣ доданд. Туҳфаи табиб Ҳамин тавр бо баҳонаи он ки бемор ҳанӯз ба худ наомадааст, Самад кампирро ба хонаи худаш бурд ва аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки ӯро хуб меҳмондорӣ карда, аз ҳолу аҳволаш мудом бохабар бошад. Муддати се рӯз пиразан дар хонаи духтур меҳмон буд. Ҳамсари Самад дар як рӯз чанд маротиба барои меҳмон хӯрокҳои рангоранг пухта, бо ҷону дил ба ӯ хизмат мекард. -Писарам, ман чанд рӯз дар хонаи шумо меҳмон шуда, шумоёнро хеле ташвиш додам. Шукри Худо, ҳолам беҳтар шудааст. Акнун иҷозат деҳ, ки ба хонаам равам,-бегоҳи рӯзи чорум хоҳиш кард пиразан дар сари дастурхон. Самад “модар, ин тавр нагӯед, охир меҳмон атои Худо аст. Ҳавои деҳа хунук, ба хонаатон рафта, чӣ кор мекунед. Дар ҳамин ҷо истодан гиред” гуфта бошад ҳам, кампир “хеле истодам писарам, акнун бояд ба хонаи худам равам” гӯён, исрор намуд. Давом дорад...
    5 комментариев
    27 классов
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё