Салом! Ман як зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта,бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будем, вале тақдир барои марди дӯстдоштаам писар таваллуд карданро ба ман насиб надид. Ҳар дафъаи ҳомиладориам Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман як шоҳписар диҳад, аммо боз духтар тавалуд мекардам. Шавҳарам аввалҳо “духтару писар ҳамааш доди Худованд аст” гӯён, маро дилбардорӣ мекард, вале баъди тавлиди духтари сеюмам гоҳ-гоҳ таъна мезадагӣ шуд, ки ту фақат духтар ба дунё меорӣ. Мегуфтам, ки “ҳой мардак, ношукрӣ накунед, охир баъзе одамон ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале Худованд ба онҳо на писар медиҳаду на духтар”, аммо шавҳари духтарбезорам ҳар бори таваллуд карданам қаҳр карда, чанд рӯз ба таваллудхона намеомад ва баъди ба хона баргаштан низ «занак, ту аз духтарзоӣ кай сер мешавӣ?! Ақалан як бача кун!» гуфта, ба дилам неш мезад. Худ ба худ мегуфтам, ки агар Худованд писар ё духтар зоиданро ба ихтиёри худи зан мемонд, якто не, даҳ бача мекардам, вале фарзанд доди Худост, хоҳад медиҳад, нахоҳад не, охир ман чи кор кунам... Хулласи калом, солҳо турнасон гузаштанд ва ман бо умеди ақаллан як писар таваллуд кардан пай дар пай шаш духтари зебои заркокулро ба дунё овардам. Рафта-рафта шавҳарам, ки дар шаҳр кор мекард, баъзан шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд, вале ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падари фарзандонам бо касе ишқварзӣ мекунад ё шояд зани дигар гирифта бошад. Рӯзе ҷиянам Мафтуна, ки дар корхонаи шавҳарам котиба шуда кор мекард, беҷуръатона гуфт: «Аммаҷон, ҳар рӯз як зани зебо ба назди язнаам меояд. Шумо намедонед, ки он занак кист?» Асабонӣ шуда бошам ҳам, сир бой надода гуфтам: «Ягон шиносашон будагист-дия, аҳамият надеҳ!»
Ду рӯз пас шавҳарам ба хона омад ва ҳисси кунҷкобиям боло гирифта пурсидам: «Мардакҷон, росташро гӯед, шумо ягон бор ба ман хиёнат кардаед ё не?» Рангаш канда бошад ҳам, ҳозирҷавобӣ намуда, гуфт: «Магар зани худам ягон айб дорад, ки аз паси дигар беваҳо давида гардам?!» Дилам аз ин ҷавоби шавҳарам каме ором гирифт, вале ҳамон шаб ба телефони дастии падари бачаҳоям аз рақами ношиносе занг омад. Бедораш кардам. Шавҳарам телефонро гирифта, ба берун баромад. Дилам аз пешомади ногуворе дарак дод ва ноаён аз паси дар гапашро гӯш кардам. «Барои чӣ дар як поси шаб ба ман занг задӣ?! Қариб монда буд, ки занам фаҳмад! Ту характери зани маро намедонӣ, вай чунон зани шаттоҳу бадтол аст, ки дар сарат чормағз мешиканад. Худо накарда асли гапро фаҳмад, балои азимеро ба сари ҳардуямон мебиёрад. Аз ҷак-ҷаки ин занаки серҷоғ кайҳо безор шудаам, вале ҷойи гурез намеёбам. Дасту дилам аз зиндагӣ бо вай хунук шудааст, лекин дигар илоҷ надорам. Духтарҳоям калон шудаанд, агар онҳоро партофта равам, мардум ба ҳолам механданд» мегуфт шавҳарам. Фаҳмидам, ки падари фарзандонам дар шаҳр зани баҷоӣ доштааст. Ҳамон шаб то саҳар гиря кардам, аммо ба касе сир бой надодам. Намедонам чӣ кор кунам? Рашк чунон дилу ҷигарамро месӯзад, ки мехоҳам рафта зани дуюми шавҳарамро пора-пора кунам, вале хотири шаш духтарам боз астағфуриллоҳ мегӯям. Метарсам, ки агар барои дар болои ман зан гирифтанаш бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунам, ҷавоби маро медиҳад ва духтарҳоям бе падар мешаванд. Хонандагони рӯзгордида, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Суроғаашро ёфта, ба сари зани дуюми шавҳарам равам ё ба хотири бе падар нашудани духтарҳоям худамро ба кӯрию карӣ зада гардам? Манзура аз н. Рӯдакӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 69
Зан гирифта бошад ҳақи ҳалоли уст.
ба каси ки намефорад марҳамат дарвоза кушодааст мехостаги вахташбаромада равад ягон кас вайёра занҷир банд накардааст