Давомаш ...
Ҳамин тавр, бо амри табиб ҳуҷҷатҳои пиразанро зуд тахт карданд ва ташхисҳои заруриро анҷом дода, беморро ба ҳуҷраи амалиёт бурданд. Хушбахтона амалиёт бомуваффақият гузашт. Талхадони кампирро бурида гирифтанд ва ӯро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ гузаронданд. -Шумо аз роҳи дур будаед, беҳуда ташвиш кашида, дар ин ҷо наистед. Беҳтараш рафта дам гиред. Мариз ба ҳуш ояд, мо худамон ба шумо занг зада, хабар медиҳем,-гуфт Самад ва аз ҳамшираи шафқат хоҳиш кард, ки рақами телефони писарони маризро навишта гирифта, онҳоро ба хона ҷавоб диҳад. -Духтурҷон, охир ин чӣ хел мешавад? Мабодо шаб ягон дорую дармон лозим шавад... -Ман гуфтам-ку, чизе, ки лозим бошад, мо худамон мекунем. Шумо бемалол рафтан гиред,-фарзандони маризро дилпур намуд духтур. Бачаҳои кампир ҳайрон-ҳайрон ба Самад менигаристанд, зеро онҳо чунин духтури хайрхоҳро дар умрашон бори аввал медиҳанд.... Некӣ куну ба об андоз Пас аз ду-се рӯз кампирро ба палата гузаронданд. Фарзандонаш рӯзе як маротиба ба аёдати ӯ омада, танҳо шӯрбоча ё ягон хӯроки парҳезии дигар меоварданд, вале табиби машҳур маризашро хору зор шудан намемонд. Вай субҳгоҳон ба кор омада, пеш аз ҳама аз ҳолу аҳволи ҳамин пиразан хабар мегирифт ва бо ӯ ҳазлу шӯхӣ карда, дилбардорӣ мекард, ки зиқ нашавад, Худо хоҳад, бе талха ҳам 100 сол умр мебинад. Ҳампалатаҳояш ба ӯ ҳасад бурда мепурсиданд, ки магар ин духтур хеши наздикатон мешавад, ки нисбати шумо ин қадар меҳрубон аст. Кампир китф дарҳам кашида мегуфт:
-Ҳафт пушташро намешиносам. Дар умрам ӯро бори аввал дар ҳамин ҷо дидам, вале ин духтур одам не, фаришта будааст. Вай ҷони маро аз марг наҷот дод. Ҳамин табиби ғамхор намебуд, мани мабағал яқин бе аҷал мурда мерафтам. Худованд падару модарашро раҳмат кунад ва ба ҳаёташ файзу баракат диҳад. Сиҳату саломат ба хона баргардам, ҳамеша дар намозҳоям дар ҳаққаш дуои нек мекунам. Илоҳо хока гирад, дар кафаш зар гардад... Пешниҳоди аҷиб Аз ҷарроҳӣ беш аз як ҳафта гузашт. Аз рӯйи қоида бояд маризро ба хона ҷавоб медоданд, вале Самад фарзандони кампирро ҷеғ зада гуфт:
-Модаратон ҳанӯз ба пуррагӣ шифо наёфтаанд, вале дар беморхона беморон хеле зиёд шуда, ҷой нест. Агар шумо розигӣ диҳед, ман модаратонро ба хонаи худам бурда, боз се-чор рӯзи дигар табобат мекунам, баъд метавонед омада, он касро ба хона баред. Инро ба он хотир мегӯям, ки хонаи шумоён дур будааст, мабодо ҷойи ҷарроҳӣ чирку зардоб гирад, аҳволашон бад шуда метавонад... Азбаски писарони пиразан аз ин табиб некии зиёде дида буданд, дарҳол розигӣ доданд. Туҳфаи табиб Ҳамин тавр бо баҳонаи он ки бемор ҳанӯз ба худ наомадааст, Самад кампирро ба хонаи худаш бурд ва аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки ӯро хуб меҳмондорӣ карда, аз ҳолу аҳволаш мудом бохабар бошад. Муддати се рӯз пиразан дар хонаи духтур меҳмон буд. Ҳамсари Самад дар як рӯз чанд маротиба барои меҳмон хӯрокҳои рангоранг пухта, бо ҷону дил ба ӯ хизмат мекард. -Писарам, ман чанд рӯз дар хонаи шумо меҳмон шуда, шумоёнро хеле ташвиш додам. Шукри Худо, ҳолам беҳтар шудааст. Акнун иҷозат деҳ, ки ба хонаам равам,-бегоҳи рӯзи чорум хоҳиш кард пиразан дар сари дастурхон. Самад “модар, ин тавр нагӯед, охир меҳмон атои Худо аст. Ҳавои деҳа хунук, ба хонаатон рафта, чӣ кор мекунед. Дар ҳамин ҷо истодан гиред” гуфта бошад ҳам, кампир “хеле истодам писарам, акнун бояд ба хонаи худам равам” гӯён, исрор намуд. Давом дорад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
. Духтур ҳам нею нестон накарда, бо дастовезҳои зиёд ҳамроҳи зану фарзандонаш ба хонаи бемораш ба меҳмонӣ рафт. Пиразан дар назди дарвоза онҳоро бо табассум пешвоз гирифт ва садқаю баднаашон шуда, дар пеши пойи Самад пойандоз густурд. Соҳибхона ба шарафи омадани меҳмонони азизаш хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоро низ хабар карда буд ва хурду калон бо ҳавас ба меҳмонони шаҳрӣ менигаристанд.
“Чеҳраи ин духтур ба назарам бисёр гарму ошно метобад. Гумонам, ки ӯро дар ким-куҷое дидаам” пичиррос зад зери лаб ҳамсояи девордармиёнашон чашмашро аз Самад наканда. “Эй ин гапҳоро монед ҳамсоя, охир ин меҳмонҳо аз шаҳр омадаанд.Мову шумо умре аз деҳа берун нарафтаем, ин ҷавони олуфтаро дар куҷо дида метавонистем. Таърифҳои кампирро дар бораи ин духтури некӯкор бисёр шунида, чеҳрааш ба назаратон гарм менамояд” даст афшонд ҳамсоязани дигар. Ҳамин тавр Самад ва зану фарзандонаш бо обу иззат пешвоз гирифта, ба меҳмонхона дароварданд ва дар наздашон гӯштбирён кашиданд. “Модар, беҳуда ташвиш кашидед, ба ин қадар сарфу хароҷот карданатон ягон ниёз набуд” худро ноҳинҷор ҳис карда гуфт духтур. Пиразан бо табассум ба ӯ нигариста ҷавоб дод:
24 09.09.2023
“Писарам, аввалаш ин ки нисфи чизу чорае, ки дар рӯйи дастурхон мебинӣ, аз бозор не, аз боғи худамон аст, ҳатто гӯштро ҳам пул дода нахаридем. Аз раҳматӣ мӯйсафедам голу моли зиёде монда буд, нисфашро фурӯхта бошем ҳам, нисфи дигараш ҳанӯз ҳаст. Чорвои худамонро кушта, зиёфат оростем. Шумо барои ман ин қадар ташвиш кашидед, бе пул маро ҷарроҳӣ кардед ва ҳатто ба хонаи худатон бурда, чанд рӯз меҳмондорӣ кардед. Як табақ хӯрокро пеши чунин инсони дарёдил гузоштан дар ҷавоби некиҳои аз шумо дидаам чизе нест!” Духтарчаи хурдии Самад, ки бисёр кӯдаки зирак ва кунҷкоб буд, ҳайрон-ҳайрон ба атроф нигариста пурсид: -Дадаҷон, мо ба куҷо омадем? Ин хонаи кӣ аст? Магар инҳо хешу таборамон мешаванд, ки ба хонаашон меҳмонӣ омадем? -Духтарам, мо ба ҷойи бегона не, ба хонаи бобои раҳматиат омадем. Падари ту 35 сол пеш дар ана ҳамин хона ба дунё омада буд,-сари духтарчаашро сила карда, бо табассум ҷавоб дод Самад. Бо шунидани ин гап кампирро гӯё барқ зада бошад, дар ҷо...ЕщёСағерабача Қисми 8
24 09.09.2023
“Писарам, аввалаш ин ки нисфи чизу чорае, ки дар рӯйи дастурхон мебинӣ, аз бозор не, аз боғи худамон аст, ҳатто гӯштро ҳам пул дода нахаридем. Аз раҳматӣ мӯйсафедам голу моли зиёде монда буд, нисфашро фурӯхта бошем ҳам, нисфи дигараш ҳанӯз ҳаст. Чорвои худамонро кушта, зиёфат оростем. Шумо барои ман ин қадар ташвиш кашидед, бе пул маро ҷарроҳӣ кардед ва ҳатто ба хонаи худатон бурда, чанд рӯз меҳмондорӣ кардед. Як табақ хӯрокро пеши чунин инсони дарёдил гузоштан дар ҷавоби некиҳои аз шумо дидаам чизе нест!” Духтарчаи хурдии Самад, ки бисёр кӯдаки зирак ва кунҷкоб буд, ҳайрон-ҳайрон ба атроф нигариста пурсид: -Дадаҷон, мо ба куҷо омадем? Ин хонаи кӣ аст? Магар инҳо хешу таборамон мешаванд, ки ба хонаашон меҳмонӣ омадем? -Духтарам, мо ба ҷойи бегона не, ба хонаи бобои раҳматиат омадем. Падари ту 35 сол пеш дар ана ҳамин хона ба дунё омада буд,-сари духтарчаашро сила карда, бо табассум ҷавоб дод Самад. Бо шунидани ин гап кампирро гӯё барқ зада бошад, дар ҷояш шах шуда монд. Писарони соҳибхона низ бо шунидани ин суханон ба қавле пакар шуда, бо ҳайрат ба меҳмон менигаристанд. -Гуфтам-ку чеҳраи ин ҷавон ба назарам бисёр гарму шинос метобад, охир ин Самади худамон аст. Қурбонат шавам, бачаҷон! Чандин сол шуд, ки дидори туро орзу мекардам. Шукр, ки намурда ба дидорат раисдам. Ману модарат дугона будем. Раҳматӣ модарат аҷаб зани дасткушоду дарёдиле буд. Падарат ҳам инсони биҳиштӣ буд, лекин тақдири бераҳм нагузошт, ки аз зиндагӣ осоянд. Ту ҳам ба падару модарат рафтаӣ, беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки “мева аз дарахташ дур намеафтад”, чашми волидонат, ки сер буд, чашми ту ҳам сер аст”. Дар зиндагӣ ранҷу азоби зиёд кашида бошӣ ҳам, одаму одамигариро фаромӯш накардаӣ,-инро гуфта, зани калонсоле, ки пештар ба гӯши ҳамсояаш пичир-пичиркунон "чеҳраи ҳамин ҷавон ба назарам бисёр гарм метобад, хаёлам, ки ӯро пештар дар куҷое дидаам" мегуфт, аз ҷояш бархоста, ба шеваи занони деҳот аз китфони Самад бӯсида, ӯро зиёрат кард. Ҳама лолу ҳайрон монда буданд, фақат соҳибона ва писаронаш бо рангу рӯйи парида ба меҳмон менигаристанд ва намедонистанд чеҳраи аз шарму ҳаё суп-сурх шудаи худро чӣ тавр пинҳон кунанд. “Беҳуда ин духтур ба ман ин қадар некӣ накарда будааст. Писари шавҳарам будаасту ман бехабар. Дар вақташ ман ин бачаро ба хона роҳ надода, падарашро маҷбур кардам, ки ӯро бурда, ба сағерахорна супорад, вале тақдирро бин, ки дар ятимхона ба воя расида, вай одами калон-духтур шудааст, бачаҳои эркаю нозпарварди ман бошанд, бе савод монда, пуле намеёбанд, ки барои фарзандонашон нон харанд. Аҷаб дунёст ин дунё, дар вақташ ман ба ин бача фақат бадӣ кардам, аммо дар ҷавоб вай ба ман некиҳои бисёре карда, ҷонамро аз панҷаи марг наҷот дод. Ҷавоби некӣ бадӣ аст мегуфтанд, вале бар ивази бадӣ ҳам одамон ба одамон некӣ мекардаанд” мегуфт худ ба худ моиндари Самад.... Анҷоми қисса