Давомаш ...
Қисмҳои аввалашро дар ин ҷо хонед. Ҳамин тавр, Самад мактаб-интернатро хатм намуда, бо дониши худаш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд ва онро бо дипломи аъло хатм намуда, ҷарроҳи моҳир шуд. Яке аз устодони донишгоҳ, ки профессори номдоре буд, одобу ахлоқи накӯ ва донишу маҳорати ин ҷавони хушқаду қоматро дида, Самадро ба фарзандӣ қабул кард. Профессори дурандеш, ки ояндаи дурахшон доштани ин ҷавони ҷӯяндаро хуб медонист, пас аз хатми донишгоҳ аз ҳисоби худаш тӯйи калоне ороста, духтарашро ба Самад дод. Хусуру хушдомани фозилу меҳрубонаш дар шаби тӯяшон ба Самад ва гуларӯси нозанинаш калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намуда, барояшон бахти сафед орзу намуданд.... Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад...
Солҳо турнасон гузаштанд.
Самад аллакай ҷарроҳи номдор шуда, овозаи дастони моҳираш ба атрофу анкоф паҳн гашта буд. Акнун маризон роҳу восита мекофтанд, ки ҷарроҳиашонро маҳз ҳамин табиби донишманди дасташ сабук гузаронад, вале... Шабе ҳангоми навбатдории Самад зани солхӯрдаеро оварданд, ки аз зӯрии дард ба қавли пирон, мисли мор дар худ метапид ва ҳар дам “мемурам, Худоҷон мемурам” гӯён, бо нолаву фиғон беморхонаро ба сараш бардошта буд. Ҳамроҳаш ду ҷавони тануманд низ буданд ва Самад тахмин кард, ки ин ҷавонмардон писарони кампир ҳастанд. Духтур мариз ва ҳамроҳонашро шинохта бошад ҳам, сир бой надод ва дарҳол аз паси ташхис шуд. - Дар талхадони модаратон сангҳои майда будаанд, аз афташ ҳамон сангҳо беҷо шуда, роҳи талхагузарро банд кардаанд. Фавран ҷарроҳӣ кардан лозим, вагарна маризро аз даст доданамон мумки аст. Самад, ки ҷарроҳи таҷрибадор буд, шаф-шаф накарда, якбора шафтолуи гапро гуфт ва синчакорона ба писарони кампир нигарист. -Духтурҷон, мо одамони кмабағал ҳастем ва имконияти ҷарроҳӣ кардан надорем. Ягон дору нависед, ки дардаш камтар шавад, мо модарамонро ба хона мебарем. Дар тақдиру насибашон чизе, ки бошад, ҳамонро мебинанд,-сарашонро хам карда, пичиррос заданд писарони кампир. -Пулатон даркор нест, шумо фақат розигӣ диҳед шуд. Ҷарроҳиро мо ба таври ройгон аз ҳисоби худамон мегузаронем,-гуфт қотеъона духтур ва коғазеро ба пайвандони пиразан дароз кард. -Магар бе пул ҷарроҳӣ крада мешавад?-нобоварона пурсиданд бародарон. -Мешавад. Албатта мешавад. Дар дунё ягон кори намешудагӣ нест, фақат камтар одаму одамгарӣ лозим,-инро гуфта табиб ишорат кард, ки зудтар ба забонхат имзо гузоранд, чунки ҳоло ҳар лаҳза қимат буд... давом дорад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев