Довуд (а) фармуд: Худованд одиле аст, ки ҳаргиз зулм намекунад; сипас фармуд: Магар чи ҳодисае барои ту рух додааст, ки ин саволро мепурсӣ?
Зан гуфт: Ман бева ҳастам ва се духтар дорам, бо дастам бофандагӣ мекунам, дируз шоли бофтаи худро дар миёни порчае гузоштам ва ба тарафи бозор бурдам то онро бифурӯшаму бо пули он ғизои кӯдконамро таҳия созам. Ногаҳон парандае омад ва он порчаро аз дастам бурд ва фақиру маҳзун мондам ва чизе надорам, ки бо он маоши кӯдконамро таҳия намоям.
Ҳануз сухани зан тамом нашуда буд, ки дари хонаи Довуд (а)-ро заданд, ҳазрат иҷозати ворид шудан ба хонаро дод. Ногаҳон даҳ нафар тоҷир ба ҳузури Довуд (а) омаданд ва ҳар кадом сад динор, ки ҷамъи онҳо ҳазор динор мешуд назди он ҳазрат гузоштанду гуфтанд: Ин пулҳоро ба камбизоатон бидиҳед.
Ҳазрати Довуд (а) аз онҳо пурсид: Иллати ин, ки шумо ин маблағро ба инҷо овардаед чист?
Онҳо гуфтанд: Мо савори каштӣ будем, туфоне бархост, каштӣ осеб дид ва наздик буд ғарқ шавем ва ҳамаи мо ба ҳалокат бирасем. Ногаҳон парандаеро дидем ки, порчаи сурхе ба сӯи мо андохт, дар он шоли бофтаеро дидем, ба василаи он ҷои осеб дидаи каштиро муҳкам бастем ва каштӣ бехатар гардид ва сипас туфон ором шуд ва ба соҳил расидем ва мо ҳангоми хатар ният кардем, ки агар наҷот ёбем ҳар кадомамон сад динор бипардозем ва акнун ин маблағро, ки ҳазор динор аз даҳ нафари мо мебошад барои шумо овардаем то ҳар касеро мехоҳед, ба ӯ садақа диҳед.
Ҳазрати Довуд (а) ба зан нигоҳ карду ба ӯ гуфт: Парвардгори ту аз дарё барои ту ҳадя мефиристад, вале ту Ӯ-ро золим мехонӣ?
Сипас ҳазор динорро ба он зан доду фармуд: Ин пулро дар таъмини маоши кӯдконат масраф кун, Худованд ба ҳолу рӯзгори ту огоҳтар аз дигарон аст. https://www.khonavoda.com/?p=27249
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1