Шудам гумроҳу саргардон,
Миёни ин ҳама адён.
Миёни ин таъассубҳо,
Миёни ҷанги мазҳабҳо.
Яке афкори зартуштӣ,
Яке афкори буддоӣ,
Яке пайғамбараш Монӣ,
Яке динаш мусалмонӣ.
Яке дар фикри Таврот аст,
Яке ҳам ҳаст насронӣ.
Ҳазорон дину мазҳабҳо,
Дар ин дунёи инсонӣ.
ХУДО якка... вале... аммо...
Ҳазорон фикри руҳонӣ.
Раҳо кардем Холиқро
Гирифторони адёнем.
Таъассуб чист дар мазҳаб?!
Магар ин на, ки инсонем?!
Агар руҳи Худо дар мост,
Худо гар муфраду танҳост.
Ситеза пас барои чист?!
Барои худпарастиҳост!
*** ***
Ман аз ақраб наметарсам, вале аз неш метарсам,
Аз он гурге, ки мепӯшад либоси меш метарсам.
Аз он ҷашне, ки аъзои танам доранд, хушҳолам,
Вале аз ихтилофи мағзу дил бо риш метарсам.
Ҳаросам ҷанги байни шуълаву кибриту ҳезум нест,
Ман аз сӯзондани андеша дар оташ метарсам.
Танам озод, аммо эътиқодам сустбунёд аст,
Ман аз шаллоқи афкори тиҳӣ бар хеш метарсам.
Каломи охири ин шеър як ҷумла ва дигар ҳеч,
Ки ҳам аз нешу мешу ришу ҳам аз хеш метарсам.
*** ***
Он, ки расво хост моро, пеши кас расво мабод
В-он ки танҳо хост моро, як нафас танҳо мабод.
Он, ки шамъи базми моро бо дами найранг кушт,
Маҳфилаш, ë Раб, даме бе шамъи шабфарсо мабод.
Чун гузир аз ҳамдаме гарданкашу мағрур нест,
Бо ман аз гарданкашон боре ба ҷуз мино мабод.
Чун гули руъë ба гулзори адам рӯйидаам,
Миннате аз ҳастии мо бар сари дунë мабод.
Метавон хуфтан чу дар кӯи касе ҳамчун ғубор,
Пайкари тобдори моро бистари дебо мабод.
Мову бонги шабшикори мурғаки оворае,
Гӯши моро баҳра аз шӯри ҳазорово мабод.
Гарчи саргардонии хешем чун гирдоби жарф,
Ҳеҷамон андеша аз ошӯфтани дарë мабод.
Имшаберо, к-аз майи пиндор маст афтодаем,
Бо ту, Симин, ваҳшати ҳушëрии фардо мабод!
*** ***
Магар, эй беҳтар аз ҷон, имшаб аз ман беҳтаре дидӣ,
Ки рух тобидиву дар ман ба чашми дигаре
дидӣ?
Зи ашки ман чӣ медонӣ гарониҳои
дардамро?
Зи тӯфон шабнаме дидӣ, зи дарё гавҳаре
дидӣ.
Ба ёд овар, ки мехоҳам дар оғӯшат
супорам ҷон,
Дар оғӯши саҳар дар осмон гар ахтаре
дидӣ.
Ало, эй дидаи ҷонон, зи афсунҳо чӣ
менолӣ?
Накардӣ хештанбинӣ, куҷо афсунгарӣ
дидӣ?
Маро мондаст ақле хушку домоне тар аз
дунё,
Бисӯз, эй оташи ғам, ҳар куҷо хушку таре
дидӣ.
Туро ҳақ медиҳам, эй ғам, ки даст аз ман
намедорӣ,
Ки бо камтар касе ин сон дили ғампарваре
дидӣ.
Маро, эй боғбони дил, агар сӯзӣ,
сазоворам,
Ки дар гулшан ниҳоли хушки бебаргу баре
дидӣ.
Тиҳидастӣ насиби шоха аз ҷаври хазон
омад,
Миёни боғ агар ганҷинаи бодоваре дидӣ.
Зи Симин ёд кун в-аз номи ӯ дар дафтари
гетӣ,
Агар барги гули хушке миёни дафтаре
дидӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев