Минбари сухани наҳзатиён ба монанди Ислоҳ.нет.саҳифаи дарду доғи кулли наҳзатиёне, ки дар ҳар нигошта чеҳраҳои аслии худро гаштаву баргашта ба мардум нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза манфуру гумроҳанд, ки ҳамаи кӯшишу талошҳои онҳо танҳо маблағ асту бо ин дарду алам ҷисму ҷонашон ва авлоду аҷдодашонро фидо намудаанд. Ҳирс, мансаб, вазифа, пулу мол имрӯз ба кӯи номуродиҳо бурдааст. М.Садриддин бо тамоми ҳастиву вуҷуд хизмати пири беимони худ Кабирӣ ва чанд тани дигарро дар олами тахаюлоти худ ҳар лаҳзаву соат дар ҷое тасаввур намуда ҳақиқати талхеро, ки аъзоёни ин гурӯҳро бисёр нороҳат месозад дидан намехоҳад. Ин ноогоҳони гумроҳи аслу насаби хеш гумкарда, ҳеҷ тасаввур карда наметавонанд, ки роҳи каҷ касеро ба мақсад нахоҳад расонд. Кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии мардуми сарбаланди тоҷикро дар рушду тараққиёти кишвар бунёди роҳу пулҳо, заводу корхонаҳо аз ҷумла Роғун нодида гирифта, гаштаву баргашта чашм ало намудан ба буҷети як ноҳия, вилояту кишвар аз он далолат медиҳад, ки маҳз ҳамин чашми гуруснаву ҳирс буд, ки хоҷагон инро ба хубӣ шинохтанд, ки наҳзатиён фурӯхта шуда ғуломи якумраи ҳалқабаргӯш гардиданд. Яке аз заҳмату кӯшишҳои ҷамъи нахзатиён ин роҳбари худ Кабирие, ки ғайр аз амри маъруфу каҷрафторӣ ва парешонӣ ҳеҷ амалеро анҷом дода наметавонад шабу рӯз дар талоши мансабу вазифа одамияту инсон буданро кайҳо аз даст додааст, дар олами тахаюлоти худ дармонда, аз воқеият фарсахҳо дур гардидаанд. Иқболифлоси пастфитрат имрӯз бо кӯшиши зиёд мехоҳад худро дар майдони сиёсат чун як шахси сиёсатшиноси бечораи ҳақири ҷабрдидаи гадо нишон диҳад. Дар Аврупо бо талошҳои зиёд ба ҳар дар сар халонда дар назди хоҷагон худро чун ҷабрдидаҳо нишон медиҳанд. Мақсаду мароми ӯ мансабу вазифа буда, имрӯз вазъияташро то ба ҷунунӣ расонидааст. Як беморие ки тамоми аъзоёни ин гурӯҳ мубталои он гаштаанд ин гумроҳии онҳост. Онҳо ҳеҷ ба завол ёфтани худ иқрор намешаванд. Онҳо мактаберо дар зиндагии худ боз намуда, аз ҳисоби ба мисли худаш афроди ноогоҳ аз аслу насабро дар ҳалқаи худ ҷамъ гардондааст. Аз тоифаи ашхоси беақлу камсаводе, ки овони наврасиву ҷавонӣ ба гирифтани таълимоти «динӣ-террористӣ» машғул шуда, ба худ шогирд тарбия намуда, ҳар яке аз онон ба вазифаҳои мушаххас чун М.Садриддини оқипадар ба устоде, ки дар ҷоеву коре муваффақ нест пайравӣ намуда, кӯшиш менамояд ҳар дафъа вазифаи бар душ гирифтаашро бештару хубтар бечуну чаро анҷом диҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон ҳимоят намуда, сулҳу ваҳдатро, ки бо қиммати ҷон ба даст овардаанд, чун гавҳараки чашм аз ҳама гуна гурӯҳҳчаҳои манфури бадхоҳи сияҳкор муҳофизат намуда намегузоранд, ки ба ин сарзамини ободу осуда осебе расад. Гурдофариди Даврон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев