07.2020
Рақами бахши тиҷоратӣ: 93-193-00-77; 918-15-00-77
“ФУРӮХТА МЕШАВАД”
1) Ҳавлӣ дар кӯчаи Айнӣ-128 фурӯхта мешавад. Аз 6-сотих замин иборат буда, дорои 8-хона, ошпазхона, ҳавзи оби нӯшокӣ, пешайвон,дарвозахона ва шипанг мебошад.Нав аз таъмири хушсифати аврупоӣ бароварда шудааст. Тел:92-775-30-60, 98-775-30-60
2) Хишти хом дар андозаи 11/7/24 бо нархи дастрас фурӯхта мешавад. Тел: 98-561-55-59 92-921-55-59.
3) Участкаи наздиҳавлигӣ фурӯхта мешавад. Он аз 6 сотих замин иборат буда дар маҳаллаи Ваҳдат ҷойгир мебошад. Тел: 92-744-46-56
4) Дар деҳаи Равоти нав 5 гектар боғи серҳосил фурӯхта мешавад. Дарахтони зиёди мевадиҳанда дорад. Харидорон богро мувофики табъи худ кисман ҳам харида метавонанд. Тел: 918-28-00-14 .
5) Хона истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҷавонон бинои 7 ҳуҷраи 15 дорои тамоми шароит барои зист аст фурӯхта мешавад. Хона нав аз таъмири замонавӣ бароварда шудааст. Ҳавзи оби нӯшокӣ ва мошинсарой дорад. Тел: 92-999-11-74.
“ХИЗМАТРАСОНӢ”
1) Табобатгоҳи “Малика” дарашро барои мизочон боз намудааст. Дар таботатгох тамоми имконот барои табобати шумо мавчуд буда, дар утоқи физиотерапевтӣ бо тачхизонидан ва таъмири замонавӣ Зиёда аз 30 намуди беморихо муолича мешаванд. Агар шуморо беморихои асаб, амрози дил, диабети қанд, касалиҳои терапевтӣ, кирми руда азият медихад,албатта ба табобатгохи Малика биёед. Инчунин табобати бемории сутунмӯҳра, яъне "грижа позвоночник" бо усули кашиши зериобӣ сурат мегирад. Барои табобати ин бемориҳо табибони дараҷаи олӣ дар хизматанд. Дар мӯҳлати даҳ рӯзи табобат худро солиму бардам хис мекунед. Марҳамат ба табобатгоҳи “Малика”. Суроғаи мо: шаҳри Конибодом кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 12. Рӯ ба рӯи туйхонаи Корвон. Тел: 8-34-67-3-74-00 92-728-10-00 98-778-31-63.
2) Сехи пахташонакунӣ дар деҳаи Ниёзбек, паҳлӯи ҳаммоми деҳа дар хизмати шумо омодааст. Барои бурдану овардани пахта нақлиёт мавҷуд аст. Инчунин пахта барои фурӯш дорем. Тел: 918-87-46-84 92-788-46-84
3) Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон! Бозори “Масҷиди сурх”,ки ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе фаъолият мекунад, минбаъд рӯзҳои панҷшанбе бозори молу чорво ва рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта бозори фурӯши меваҳои хушкро ба роҳ мондааст.Марҳамат ба бозори “Масҷиди сурх”. Тел: 98-725-84-32
4) Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсунзода довталабонро барои соли таҳсили 2020-2021 ба шӯъбаи рӯзона ва ғоибона хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯи ихтисосҳои худ ба ихтисосҳои дуюми зерин даъват менамояд: ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢрӯзона ва ғоибона ду сол; ТАҲСИЛОТИ ТО МАКТАБӢ рӯзона ва ғоибона ду сол; ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК рӯзона ва ғоибона ду сол; ТАЪРИХрӯзона ва ғоибона ду сол; МАТЕМАТИКА-ИНФОРМАТИКА рӯзона ду сол; ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС рӯзона ду сол; ЗАБОНИ АНГЛИСӢ рӯзона ду сол. Маблағи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавӣ дар шӯъбаи рӯзона 1300 сомонӣ ва дар шӯъбаи ғоибона 1100 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон дар коллеҷ курсҳои кӯтоҳмаддати касбомӯзӣ аз асосҳои дӯзандагӣ, омӯзиши кор бо компютер, курсҳои забономӯзӣ аз рӯи забонҳои англисию русӣ амал мекунад. Мӯҳлати омӯзиши курсҳо ду моҳ буда пас аз хатм сертификат дода мешавад. Суроға: шаҳри Конибодом кӯчаи Бобокалонов № 3. Тел: 8-34-67-3-23-91; 92-779-11-22; 98-702-55-01
7) Моҳибирёни №1, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 261 лазизтарин моҳибирёнро барои хӯроки нисфирӯзӣ ё шом ва барои нишастҳои дӯстонаи шумо омода мекунад. Бо фармоиши шумо моҳибирёнро ба хонаатон дастрас ҳам мекунем. Тел: 98-598-59-99.
“ГУМ ШУДААСТ - ЁФТ ШУДААСТ”
1) Шиносномаи Садриддинов Саидманнон Саидаминович истиқоматкунандаи ноҳияи Истаравшан ёфт шудааст.
Тел: 93-193-00-77. 918-15-00-77.
“БА КОР ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД”
1) Ба ташкилоти тиҷоратӣ, муҳосиб-иқтисодчӣ ба кори доимӣ ба кор қабул карда мешавад. Таҷрибаи корӣ ва донистнаи барномаи 1 эс муҳосибӣ шарт мебошад. Тел: 918-25-00-14.
2) Ба сехи дӯзандагии “Юсуф”, ки дар паҳлӯи тӯйхонаи Шоҳона ҷойгир аст аз ҳисоби занону ҷавондухтарон коргар ба кори доимӣ қабул карда мешавад. Тел: 98-555-44-11
3) Ба собиқ бошишгоҳи № 11-и ҶС Э.Бойматова ба ҳайси посбон ба кори доимӣ қабул карда мешавад . Тел: 92-707-00-77
4) Барои кори зардолуғундорӣ ба боғоти зардолузори бригадаи 16-уми ҷамъияти саххомии ба номи Энаҷон Бойматова 4-нафар коргарон аз ҳисоби занону духтарон лозиманд. Соати корӣ аз 7-00 то 19-00 буда, маоши ҳаррӯза 40 сомонӣ.Бурдану овардани коргарон ба зиммаи корфармо аст. Тел:918-34-99-92
5) Ба ошхонаи Валиҷон, ки дар назди дармонгоҳи шаҳрӣ ҷойгир мебошад, сихкабобпаз ва самбӯсапаз ба кор қабул карда мешавад. Маош шартномавист. Тел: 918-99-07-71 98-740-33-45
6) Филиали “Самбӯсаҳои миллии Дилписанд” дар шаҳри Конибодом занон ва ҷавондухтарони синну солашон аз 25 то 40 соларо ба кор даъват менамояд. Тел: 92-610-33-33
“КОРХОНА ВА ИДОРАҲО”
1) Нозироти андоз дар шаҳри Конибодом ба иттилои соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда мерасонад ки пардохти малағи устувори патентро барои моҳи ҷории тақвимӣ то санаи 5-уми ҳар моҳ ба буҷет пардохт намоянд. Дар сурати пардохт нагардидани маблағи патент то санаи 5-уми ҳар моҳ тибқи талаботи қисми 1 моддаи 600 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1600 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
2) Ҳамдиёрони мӯҳтарам шумо метавонед ҳама намуди китобҳои Саидмурод Давлатовро аз идораи радиои KandFM, бо нархҳои арзон дастрас кунед. Баҳри пешгирӣ аз пандемияи KOVID-19 мувовиқи дархостатон китобҳоро ба манзилатон дастрас мекунем.Кафолат медиҳем, пас аз мутолиаи китобҳои мазкур зиндагии Шумо ранги дигар мегирад. Тел:93-570-00-77
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев