Чиро, ки бар Ватан дигар наойи?
Зи дардат модарат ранҷур гашта,
Ду чашми тирааш рушан намои.
Падар пир гаштаву қомат хамида,
Ба чанд соласт, ки руи ту надида,
Асои дасти пириаш нагашти,
Барои ту чи заҳматҳо кашида.
Чаро модаркалонатро ёд накарди?,
Дили пиронаашро шод накарди,
Зи ғамҳои ту тарки ин ҷаҳон кард,
Даме уро зи ғам озод накарди.
Дили хоҳар ба ёди туст пурғам,
Ду чашмонаш ба ёди туст пурнам,
Ба роҳат интизор аст у шабу руз,
Барояш зиндагӣ ранҷ асту мотам.
Туро ҳамсар ба танҳои ба бистар,
Зи оби дидааш болин кунад тар,
Ба умеде, ки хушбахташ намои,
Барои худ туро у хонда шавҳар.
Надиди, ки туро фарзанд калон шуд,
Надиди, ки чи сон мактаб равон шуд,
Намедони савод дорад, надорад!
Гули наврустаат бе ту хазон шуд.
Ғариби рафтиву гашта дилат санг,
Шуди дур аз Ватан, хам хору пур ранч,
Ҷаҳонбини саводи ту куҷо шуд?
Чаро, ки зиндагит гаштаст якранг?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев