Фақире дари хонаро зад, зан баланд шуду дид, ки фақир аст. Таъоме гирифту то ба ӯ бидиҳад шавҳараш гуфт: кист?!
Зан ҷавоб дод, фақирест барояш таъом
мебарам шавҳараш монеъ шуд то ин-ки
ҷарру баҳсашон боло гирифт ва корашон ба талоқ кашид.
Солҳо гузашту зан шавҳари дигаре
гирифт.
Рӯзе бо шавҳари дуввумаш таъом мехурд, ки фақире дари хона- ро кубид мард дар-ро боз кард дид, ки фақирест ки ниёз ба таъом дорад.
Ба хона баргашту гуфт:
Эй зан таъоме барои фақир бубар!
Зан фавран баланд шуду таъом-ро бурд, аммо зан бо чашмони пур аз ашк баргашт.
Шавҳараш гуфт:
чӣ шуд эй зан! Зан гуфт: Ин фақире, ки
дари хона омадааст шавҳари қаблии ман аст.
Мард занаш- ро дар оғӯш гирифту, сипас рӯ ба ӯ карду гуфт: ман ҳам ҳамон фақире ҳастам, ки он рӯз ба дари хонаи шавҳарат омадам.
Агар хуби карда натавони, хеч гох бади
макун.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1