ПАНДНОМА...
Беҳуда халқ нагуфта:-" Ишкамба пӯст намешад,"
Дар ду саройи олам:-" Бегона дӯст намешад."
Ҳар хислате ба тинат, бо шири модар ояд,
Бадкина бо насиҳат, ҳаргиз дуруст намешад.
Танпарваре куҷо буд, вазни тани худ афзуд,
Ғофил дар олами хоб, чолоку чуст намешад.
Дар аҳд устувор бош, аз сустирода дур бош,
Одам ба аҳду паймон, сусту фулуст намешад.
Ҳар кору бори одам, дар чашми Ҳақ аён аст,
Дар пеши дидаи марг, ҳеҷ банда руст намешад.
Дар ҷӯши зиндагонӣ, бигзашта рафт, ҷавонӣ,
Умри равони одам, орому суст намешад.
Даҳ панҷа ҳамзамоне, кай ғунҷад дар даҳоне,
Молу матоъи дунё, аз мову туст намешад.
Худ омадан, ба Кайҳон, ҷурми шикасти паймон,
Ҳар як гуноҳи одам, бори
Комментарии 1