ХОҲИШҲО АЗ СОЛИ НАВИ МИЛОД...
Ман аз Соли Нави милод, канори дӯст мехоҳам, Муҳаббатҳои ширине, ба дил бисёр мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, паси сар карда ин соле,
Ба ҳар як одами дунё, барори кор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба зориву таваллоҳо,
Шифои комили ҳар бандаи бемор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, тани солими одамро,
Ба саркӯбӣ, Худогӯӣ, ба сад зинҳор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, барои кулли сайёра,
Фазои беғубори орӣ аз куштор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, сари ҳар як муҳоҷирро,
Ба рӯйи зонувони модарони зор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, аз тарси Худовандӣ,
Каме инсоф, ба ҳар савдогари бозор мехоҳам.
Ман аз Соли Нави милод, ба истиқболи На
Комментарии 30
ПАРВАРДИГОРО дустонамро ғарибону мусофирронро аз он ҷумла азизонамро аз балоҳои охирузамон нигаҳдор бош!! ОМИН
Шукрона ки мора Худованд бо ба дидори рузи нав расонд .
Ба ҳаматон субҳи зимистонира ба хайр мегам ба т ҳам Зитаҷон раҳмат барой таманиёти нағзут
Рузи нағз насибтон кнад