Предыдущая публикация
Ҳамагӣ ҳарфи парешонӣ шуда,.
Оҳ, ин қисмати шӯрида дигар,
Чӣ кунам, кӯчаи сарсонӣ шуда.
🌟
Сахт бошад, ба Худо шишаи дил,
Бесадою бехабар мешиканад.
Дар дили содаю зудбовари мо,
Боваре пеши назар мешиканад.
🌟
Ба китобхонаи дил омадаам,
То ки ёбам ба саволи ту ҷавоб.
Не зи дил посуху не аз ту хабар,
Ба гуноҳи дили ман нест, савоб.
🌟
Ишқ афсуни нигоҳест бале,
Лаҳзае қайду гирифтор шавӣ.
Лек умре ба хаёлаш нишинӣ,
Аз худу аз ҳама безор шавӣ.
🌟
Сархати дафтари умри ману ту,
Ҷо гирифта, зи ҳақиқат ба маҷоз.
Эй навви Одаму эй хокии раҳ
Ба ҳамин умри пур аз ғусса маноз.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Бе пахнои олам зе ман дил хури
Невишти ки дори хезорон гиле
Ва шоди ки дори зе ман фосиле
Невиштам барои хаматро хушам
Бе пахнои олам бе ту дил хушам
Невиштам ки аз ту надорам гиле
Агар чи гирифти зе ман фосиле
Ту харчо ки хасти дилам пеши ту
Барои орзуи зебохоям охуши ту
Навишти бе талхи хавосат кучост
Ки солхои солхо дел аз ту чудост
Буриди аз ин эшку аз ин ошихи
Барои хаминам аз хамам форихи
Бе йоди ту ман аз хамат форихам
Бе йоди ту хуштарин ошихам