ЯК ТУЛӮЪИ ТОЗА, ЯК САЛОМ
Барои меҳрубонӣ вақт ёбед,
Барои сабзҷонӣ вақт ёбед.
Барои “Дўст дорам” гуфтани ёр,
Барои дилфишонӣ вақт ёбед.
Ба як сӯҳбат, ба як лабханди зебо,
Ба васлу комронӣ вақт ёбед.
Дилам аз кӯҳнагӣ озор дидаст,
Барои навҷавонӣ вақт ёбед.
Пас аз атри гули ёре шамидан,
Барои гулнишонӣ вақт ёбед.
Тамоми орзуҳо ормонист,
Ба умри ормонӣ вақт ёбед.
Ману ту ҷовидон ҳаргиз набудем,
Ба ишқи ҷовидонӣ вақт ёбед!
Комментарии 1
Одамон дар ин дунё инсони зебо хуб ва бе хатора мекобан неки чунин инсоно дар ин дунё мавҷуд нестанд ҳама хато дора неким ай чашми мардум паноҳ мекунан агар инсони "Идеали ,боша ҳам якта нимта ҳаст.
Дар зиндаги оромтабиату ба сабр бош .
Ғамгин шави агар дилам садпора мешавад
Ҷонам ба кишвари танам бечора мешавад.
Вакте ба гуш мерасад ки дард мекаши
Андешаам ба чор су овора мешавад.