ЯК СУХАНИ ХУБЕ БАҲРИ МОДАРОН НАВИСЕД:
Дуруде мефиристам, ман бароят,
Ба гӯшам мерасад, доим садоят.
Ба қалби ман касе нагрифта ҷоят,
Намеарзад, касе бар хоки поят!
Навозиш мекунӣ, бо дасти нармат,
Муҳаббат мекунӣ, аз қалби гармат.
Басо шаҳдрез аст, ҳарфу каломат,
Аё, модар шавам қурбони номат!
Агар бикшоӣ ту дасти дуоят,
Зи қалби пок бароварда садоят.
Гиреҳи мушкили ман боз гардад,
Бимирам, модар бар меҳру вафоят!
Шавам, як гул шукуфам дар баҳорат,
Чи хушбахтам, агар бошам, канорат.
Зи бас, ки бахшидӣ, бар ман ту меҳрат,
Ситора мешавам, дар шоми торат!
Комментарии 1
Туро ман дӯст медорам, валекин Кунам дар пеши ту инкор яъне.
Ҳазорон сарҳади беэътиноӣ Ба роҳи ишқи ноҳамвор яъне.
Туву меҳри сафарҳои зиёдеМусофир гаштанат бисёр яъне.
Ману чашме ба роҳу интизорӣДар ин шаҳри ғаму озор яъне.
На занге не паёми узрхоҳӣТу аз ҳиҷрони ман безор яъне?
Ғазалгуфтору шоирпешаи моШуда ҳангомаи бозор яъне.
Муборак бод ошиқ гаштани ту!Ту ҳам монанди мо ғамдор яъне.
Муҳаббат чист? Чашмони ману ту Даруни дафтари ашъор яъне.