Предыдущая публикация
Вале пайдо намудам, ки насиби дигаре будӣ.
Сари танҳо, дили танҳо ба кӯят омадам, аммо,
Дилеро раҳбаре будӣ, сареро сарваре будӣ.
Ману ту сахт монандем дар тақдиру дар қисмат, Ману ту сахт метарсем аз ворафтани исмат.
Ману ту сахт пайвандем дар дунёи рӯёӣ,
Худоё, кош, бедорӣ намедидему дунёӣ.
Дилам фармон намегирад, вале водор месозам,
Зи дунёи муҳаббат чашмро пӯшида мемонам.
Барои вақти ту эҳсоси худро карда қурбонӣ,
Гули хоҳам нахоҳам дар мазори ишқ мемонам.
Баҳор асту ҳама дилро хаёли ишқ мегирад,
Хумори ҷон тапидан дар канори ишқ мегирад.
Фақат метарсам аз рӯзе, ки ногаҳ аз гиребонам, Уболи ишқ мегирад, уболи ишқ мегирад.(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 19
Гуфтам ончунон ки хатто вакте норохатам мекуни барои онки мабодо норохат шави норохат намекунам !
Аз базми ошиқӣ ҷоме намондааст.
3-он оташи баланд аз ишқи дилписанд,
Ҷуз чанд мисраи хоме намондааст.
Ҷуз нимаи дили роме намондааст.
Деворҳо фитод, болорҳо шикаст,
Аз ошёни ишқ боме намондааст.
Дар коми хастагӣ бо дилшикастагӣ
Дигар таровати коме намондааст.
Дар доми зиндагӣ анҷоми зиндагист,
Ҷуз гӯшаи лаҳад доме намондааст
Ки рох дуртар аз умри орзуманд аст
Ман чунонам, ки маҳол аст касе ҳоли маро дарк кунад!
Чаро бояд дарк мекардам,ин маънои онро надорад соддааму ҳама суистифода бубарандам
Модоме дарк накардам яқинан ҳикмате буд дар он!!!!!!
Ногуфта намонад бону инҷо дунёи маҷозист,
Хатогие гузашт узр метавонед дигар нанависед!!
Мутмаинам маро дарк кардед,
Эҳтироми зиёд дорам бар одамиву Одамият !!!!