ДУНЁИ МАН!...
ТАМОМИ ҶАҲОНАМ АЗ ОНИ ТУСТ!...
.__________
__________
Дунёи ман! Тамоми ҷаҳонам аз они туст,
Ҷони маро бигир, ки он ҳам аз они туст.
Андӯҳи достони маро, кош ҳис кунӣ,
Душмантарин рақиби ман аз дӯстони туст ...
Танҳо, на аз маломати мардум дар оташам,
Оташбиёри маърака захми забони туст.
Машкан дили маро , ки ба худ зулм мекунӣ
Ин шишае, ки мешиканӣ, ошёни туст.
Таъсири ашкҳои маро рӯи ӯ бибин!
Ин фарқи санг бо дили номеҳрубони туст.
Гуфтам ба гиря аз ту шабе даст мекашам,
Гуфтӣ ба нешханд: агар дар тавони туст!
Комментарии 2
Ки гохе розиям аз ту, вале,гохе пушаймонам .