💫БАЧЧА БУДАМ. 💫
Бачча будам.
Модарамро гар набинам соате,гиря мекардам ба ашки шашқатор,
Гиря мекардам ба овози баланд, қанд медоданд, вале дар коми ман.
Талх мешуд маззаи қанд, баччагӣ рафт,
Гарчи модарро набинам ҳафтаҳо,кас намебинад кунун чашми тарам,
Дар ғами дору надори зиндагӣ,меравад аз ёд гоҳо модарам.
Бачча будам.
Додарону хоҳарон бо ҳамдигар,мо мисоли панҷа будем,
Панҷаи дастони ғамхори Падар,гиряҳову хандаҳомон ошкор.
Буду нобудаамон буд пеши назар,баччагӣ рафт,
Мо кунун аз ҳам ҷудоем,бо сару савдои худ овораем.
Роҳи мо ҷудову рӯзгори мо ҷудо , з-ин ҷудоихо ба ҳам бегонаем,
Бачча будам.
Дар забонам номи инсоф,номи мехру номи Имон,
Дам ба дам такрор намешуд,
Комментарии 5