Предыдущая публикация
Ҳавои гиря бо ман,
Гар аз қафас гурезам, куҷо равам? Куҷо ман?
Куҷо равам, ки роҳе ба гулшане надорам?
Ки дида баркушудам ба кунҷи тангно ман.
На бастаам ба кас дил, на баста кас ба ман низ,
Чу тахтапора бар мавҷ, раҳо раҳо, раҳо ман.
Зи ман ҳар он, ки ӯ дур, чу дил ба сина наздик,
Ба ман ҳар он, ки наздик, аз ӯ ҷудо, ҷудо ман!
На чашми дил ба сӯе, на бода бар сабӯе,
Ки тар кунам гулӯе ба ёди ошно ман.
Зи буданам чӣ афзуд? Набуданам чӣ коҳад?
Ки гӯядам ба посух, ки зиндаам чаро ман?
Ситораҳо нуҳуфтам дар осмони абрӣ,
Дилам гирифта, ай дӯст, ҳавои гиря бо ман...
💔Фарёди БЕ Садо💔
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Мехоҳам аз ҳамин ҷой садоят кунам
Аз ҳаминҷо садоят кунаму ту аз ҳамон ҷой оғушам куни дилам аҷаб гирифтааст