ҶАБРИ ҒАРИБӢ....
Бишуд, ковок аз ҷабри ғарибӣ устухонам,
Халад, захми ғарибӣ ҳар замон бар ҷисму ҷонам.
Нахоҳад, ҳеҷ ақли солиме тарки Ватан кардан,
Ба сурат шакли одам, лек дар сират, чу ҳайвонам.
Агарчӣ дар диёру кишвари бегона озодам,
Вале аз ҳиссиёти қалб гуё, ки ба зиндонам.
Чи хуш дорам, дар ин мулки ғарибӣ зиндагонӣ,
Валекин мурдае, андар қатори зиндагонам.
Зи ҳарфи хешу пайванду Ватан дил реш мегардад,
Чӣ сон тақдир созам, ман дар ин шабҳои ҳиҷронам.
Комментарии 7
Тавхид бувад бодаву паймона намоз аст.
Бе сачда ба даргохи Худо Рох натавон ëфт.
Гар каъба равони дари он хона намоз аст.
Ин бори азимест, ки бар кух гарон аст.
Ин Нур даруни дилу у шод нихон аст.
Гофил чу зи таъзими Худои ту чи дони.
Як сачдаи огох бахои ду чахон аст.
Гар бар дили ту дарду гами ишки худо нест.
Ин салаву тасбехи ту чуз бахри риë нест.
Гар ашк зи чашми ту равон нест якин аст,
Ки андар дили сангини ту як зарра сафо нест.
Бархез, ки ин умри ту Чун бод равон аст.
Бингар, ки ачал дар паи хар пиру чавон аст.
Бо гиря Мусаффо бикун оинаи дилро.
То кай Хама даъвои ту аз руйи забон аст.