ҶОНФИДО БУДАМ, БАРОЯТ ҶОНФИДОӢ МЕКУНАМ!....
°°°°°°°°°°
°°°°°°°°°°
Кам камак бо дурият, ёр одат мекунам,
Гар аҷал мӯҳлат диҳад, бо дард тоқат мекунам.
Ғам махӯр, танҳо набошам, ғам ҳамеша бо ман аст,
Тарки ман кардӣ, бубин, бо соя сӯҳбат мекунам.
Соя таркам мекунад, гоҳе ба торикию ман,
Хотиротатро ба худ ҳатто ҳикоят мекунам.
Токи абрӯят маро охар ба гумроҳӣ кашид,
З-он ки ҳар шому саҳар онро ибодат мекунам.
Мекушад охир маро чашми балоҷӯи шумо,
Ман бубин, бо душманам ҳатто рафоқат мекунам.
Ман асири токи абрӯят шудам, беҳуда нест,
Умри худро ман ба зиндонат нисорат мекунам.
Сахт бошад, зиндагӣ ҳатто барои як нафас,
Ин манам ҷоно, ки бо ғамҳо рақобат мекунам.
Духтари зебои шаҳ
Комментарии 5
Бигзор ба гуфтани дуруд ба хабиби дилхо рузтон ва хамай зиндагитон пур ай рахмату мухаббати Аллох боша
Хайр ва баракати рузи Саид насибтон боша
Мухаммадин ва шарафи
Мухаммадивва шавки
Мухаммадив ва шоди
Мухаммадин саллаллоху ъалайхи ва саллам .