Предыдущая публикация
Ҳоло бубин, ки рӯзе ишрат кунем ману ту,
Оиди умри рафта сӯҳбат кунем ману ту.
Бо изни Ҳақ Таъоло бар чор самти дунё,
Рафтан ба ҳар куҷоро фурсат кунем ману ту.
Дар рӯзи шодиву сур бо чеҳраи кушода,
Паҳлӯи ҳам нишаста, роҳат кунем ману ту.
Дар вақти тангдастӣ, ё айни шавқу мастӣ,
Бояд,ки ҳамдигарро иззат кунем ману ту.
Бар пешрафти кишвар, эй дӯстдори меҳан,
Бо ҳам камар бубаста, хизмат кунем ману ту.
Дасти каси фақирро ҷоиз бувад гирифтан,
Дар роҳи некиву хайр ҳиммат кунем ману ту.
Аз рӯйи меҳрубонӣ як пора нон, ки дорем,
Бо як муҳаббати хос қисмат кунем ману ту.
Иброҳим аз вафо гуфт, байте зи рӯйи ихлос,
Бояд ки то дами марг улфат кунем ману ту.
Иброҳим.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6