Ҳуқуқшиносони ташкилот аз рӯи муроҷиатҳо оид ба табъиз ва вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои қонунӣ ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва ба гуруҳи калиди аҳолӣ, ёрии ҳуқуқии зеринро БЕПУЛ ва МАХФӢ мерасонанд:
✔️ машварати ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ;
✔️ омода намудани ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа (ариза, шикоят ва ғайра) барои муроҷиат ба мақомоти давлатии дахлдор барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии муайян;
✔️ намояндагӣ намудани манфиатҳо дар мақомоти судӣ.
✅ Барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ шумо метавонед бо рақамҳои телефонии (+992) 933557755 ва (+992) 995557755 тамос гиред ва инчунин метавонед бо мессенҷерҳои Ватсап, Телеграм, ИМО ва Вайбер ба рақамҳоии зикршуда муроҷиат намоед.
📌 Фаъолияти мазкур бо дастгирии Хазинаи умумиҷаҳонии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа ва дар доираи лоиҳаи «Паст кардани монеаҳо вобаста ба ҳуқуқи инсон дар роҳи расонидани хизматрасонӣ оид ба ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ шуда истода аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев