Вақте саҳифаи аввалро боз кард, дар он навишта буд:-Агар мехоҳи ҳавопайморо ба кор дарори тугмаи сурхро пахш кун, ӯ ин коро кард, ҳавопаймо ба кор даромад. Хушҳол шуду саҳифаи дувумро боз кард, дар саҳифаи дувум навишта буд:- Агар мехоҳи ҳавопаймо ҳаракат кунад тугмаи обиро зер кун, вақте тугмаро зер кард, ҳавопаймо ба ҳаракат даромад. Назофатчӣ аз шиддати хушҳолӣ саҳифаи сеюмро боз кард, дар он навишта буд:-Агар мехоҳи ҳавопаймо парвоз кунад тугмаи сабзро зер кун, ӯ ин корро кард ва ҳавопаймо ба парвоз даромад. Назофатчӣ ҳамчунон хушҳол буду ба худаш меболид. Баъди 20 дақиқаи парвоз хост фуруд ояд, саҳифаи баъдиро боз кард то дастуруламали фурудро бихонад. Дар саҳифаи баъдӣ чунин навишта буд:-Агар мехоҳед чӣ тавр фуруд омадани ҳавопайморо ёд бигиред, ҷилди дувуми китобро бихаред...
Ҳамеша ёдатон бошад, ҳангоми вуруд ба чизе аз нақшаи хуруҷатон бохабар бошед.
Баргардон аз хатти форсӣ.
Таҳияи Азамат Астанаев
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев