Моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон аст. Ин моҳро моҳи покизагардонии рӯҳу ҷон мегӯянд. Рамазон моҳи хушнудгардонии Раҳмон ва моҳи шиканандаи қомати Шайтон аст. Моҳест, ки миёни 11 моҳи сол монанди Юсуф алайҳиссалом дар байни бародаронаш аст. Яъқуб (а) 12 писар доштанд. Миёни писаронашон Юсуф (а) аз ҳама зеботару маҳбубтар буд. Рамазон низ маҳбубтарин ва дӯстдоштатарини моҳҳо дар назди Парвардигор аст. Агар мо ин моҳро ба ихлосу муҳаббат рӯза дорем ва дар ин моҳ бандагии Худоро бо ихлосу муҳаббат ба ҷо орем, метавонем 11 моҳа камбудиҳои хешро ислоҳ кунем. Зеро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Касе моҳи Рамазонро ба покӣ рӯза дорад ва бо имону ихлос ибодат кунад, Парвардигор гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират мекунад”.
Моҳи Рамазон бо ин бузургӣ ва шарофате, ки дар назди Худо дорад, мо пайравони Қуръонро водор месозад, ки дар ин моҳ одобро риоя кунем. Забони худро аз ғайбат, ҳақорату дурӯғ гуфтан, фиреб додани бародари мусулмон нигоҳ дорем. Дар ин моҳи бофазилат бояд чашмони худро аз нигоҳи ҳаром ҳифз намоем. Дар ин моҳ бояд гӯши худро аз шунидани садоҳои ҳаром нигоҳ дорем, то ба он савобе, ки ваъда шудааст, ноил гардем.
Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: “Ҳар ки дар моҳи Рамазон як рӯзадорро ифтор диҳад, ин боиси омурзиши гуноҳони ӯ мегардад”. Пайғамбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) худ ҷавонмарду саховатманд буданд. Саҳобагон ва дигар умматони хешро ба саховатмандӣ тарғиб менамуданд. Бубинед, ки бо ифтор додани як нафар чӣ қадар ваъдаи бузург шудааст. Ҳар кас тавонад як нафар, ё аз он зиёдтарро дар моҳи Рамазон ифтор диҳад, (агарчи кам ҳам бошад) ин ҷавонмардиаш боиси омурзиши гуноҳаш мегардад. Хушо ба ҳоли сарватмандоне, ки дар ин моҳ аз сармояи ҳалоли худ рӯзадоронро ифтор медиҳанд. “Ин ифтор сабаби халосии ифтордиҳанда мегардад” - гуфтаанд Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) дар идомаи ҳадис. Агар касе даҳ нафарро ифтор диҳад, Худованд ба миқдори даҳ нафар аз хазинаи хеш савоб медиҳад. Аз ин ифтор додан савоби рӯзадорон кам намешавад, балки аз хазинаи хеш ба ифтордиҳанда савоб ато мекунад. Чӣ қадар рӯзадорон бештар бошанд, ҳамон қадар ба ифтордиҳанда аҷру савоб бештар мерасад. Ин танҳо савоби ифтор додан, яъне рӯзакушоӣ аст. Сер кардан савоби алоҳида дорад. Масалан, нафаре ду қуттича хурмо оварда, ба масҷиди маҳалла миёни рӯзадорон тақсим мекунад, то рӯзаашонро кушоянд. Ана ҳамин аст савоби ифтор додан. Аммо агар рӯзадоронро бо таом зиёфат диҳад, савоби он дигар аст. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) мефармоянд: “Касе рӯзадоронро сер намояд, Парвардигор ба ӯ рӯзи Қиёмат аз Ҳавзи Кавсар обе менӯшонад, ки то даромадани ҷаннат аз гармои Қиёмат ташна намемонад”.
Чаро Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) дар моҳи Рамазон тарғиб ба таом додан кардаанд? Зеро таом додани рӯзадорон нишонаи имондорист. Ин саховатпешагӣ нишонаи аҳли имон аст. Шахсе аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) пурсид:
-Мал имону (Имон чист?)
Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтаанд: “Имон - таом додану сер кардани гуруснагон аст”.
Мехоҳед, ки мусулмони комил ва пайрави Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) бошед? Пас, камбағалонро сер созед. Худо ба ту неъмату сарват додааст, аз ин неъмату сарват гуруснагонро сер намо. Хусусан дар айёми Рамазон.
Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) ба ҳолати он саволкуноанда нигариста ҷавоби болоро доданд. Зеро дар табиати он саволдиҳанда мумсикиву хасисӣ мавҷуд буд. Вақте Расули Акрамро аз “ҳаҷҷи мабрур” (қабулшуда) пурсиданд, ишон дар ҷавоб гуфтанд: “Ҳаҷҷи мабрур ин саховатпешагӣ кардан аст”. Вақте ҳоҷӣ аз зиёрат баргашту саховаташ нисбати фақирону бечорагон афзун гашт, ин нишонаи қабул шудани ҳаҷҷи вай аст. Ва забонаш аз ҳолати пешинааш дигаргун гардад, яъне ширинзабон шаваду аз гуфтани суханҳои қабеҳ бозистад, донад, ки ҳаҷҷи вай мақбул аст.
Вақте рӯзадор аз қуввати ғизои ифтордиҳанда рӯза мегираду намози таровиҳ мехонад, ифтордиҳанда ба савоби рӯзаю таровиҳи рӯзадор шарик мешавад. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) дар хусуси таом додан таъкиди дигаре ҳам доранд: “Вақте таом медиҳӣ, ба зиёфат афроди ботақвоию худотарсу парҳезкорро даъват кун!” Афсӯс, ки ҳоло иддае дар шаҳрҳо ифтор медиҳанд. Дастурхони зебо меороянд, лекин гоҳо аз рӯзадор дида, ёру ҷӯраи рӯзахӯр дар ифтор бештар ҳозир мешаванд.
Моҳи Рамазон моҳи ба даст овардани Биҳишт аст. Бояд шахси ифтордиҳанда бештар афроди Худотарсу мӯҳтоҷро ифтор диҳад. Зеро ифтор барои рӯзадор аст.
Рамазон ҳадяест аз ҷониби Худо барои уммати ислом. Ин кароматест, ки Худо ба умматони Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ато кард. Парвардигор ба сабаби эҳтиром кардани моҳи мубораки Рамазон гуноҳи рӯзадоронро мебахшад. Ҷасадҳои нозукашонро дар оташи Дӯзах намесӯзонад. Оре, Худованд бандагонеро, ки эҳтироми Рамазонро ба ҷо оварда, гуруснаву ташна монда, сабр мекунанд, ба азоби Дӯзах гирифтор намекунад. Вой ба ҳоли он касоне, ки қадри ин моҳро надонистанд.
Рӯзе Имом Ҳасани Басрӣ раҳматуллоҳи алайҳ як гурӯҳ ҷавононро диданд, ки рӯзахӯр буданду ба чизе механдиданд. Он ҳазрат назди ҷавонон рафта боодобона гуфтанд: -Эй ҷавонони хуб! Парвардигор моҳи мубораки Рамазонро барои бандагонаш моҳи мусобиқа қарор додааст.
Ҷавонон пурсиданд: -Чӣ гуна мусобиқа?
Имом Ҳасан ҷавоб доданд: “Бандагони Худо дар ин моҳ дар бандагӣ, зикр, тоат, кори хайр мусобиқа мекунанд, ки кӣ бисёртар тоат мекунаду кӣ камтар? Бандагоне, ки дар моҳи Рамазон дар ин мусобиқаи илоҳӣ пешсаф мешаванд, соҳиби ҷаннат мешаванд. Касоне, ки дар ин мусобиқа ҷои намоёнро гирифтанд, ба олитарин мукофот, яъне дидани ҷамоли Парвардигор мушарраф мешаванд. Аммо касоне, ки дар ин мусобиқа ақиб монданд, (яъне, эҳтироми моҳи Рамазонро ба ҷо наоварданд) зиён мебинанд. Қароргоҳи ишон Дӯзахи сӯзон мегардад. Ман тааҷҷуб дорам аз шумоён, ки худро дар ин мусобиқа маҳрум кардед...”
Ин сухани касест, ки ҳам муфассир асту ҳам муҳаддис, ҳам ориф асту ҳам аҳли тасаввуф.
Худованд ҳамаи моро аз ҷумлаи пешсафони ин мусобиқаи илоҳӣ гардонад...
РӮЗА ҒИЗОИ РӮҲ АСТ
Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст: "Ҳар чизро закотест ва закоти бадан рӯза аст. Рӯза нисфи сабр аст". Оре, тавре ки ғизо ба ҷисми инсон қувват мебахшад, рӯза низ ба рӯҳ қувват мебахшад. Ҳамчунон, ки зиндагӣ ба истеъмоли ғизо номумкин аст, рӯҳ низ бе рӯза зиста наметавонад. Рӯҳ бе рӯза сукут намуда, мавриди эҳтиёҷу истифода қарор намегирад, балки шурӯъ ба зиёноварӣ мекунад. Маҷрӯҳи маънавӣ на танҳо аз одамгарӣ хориҷ мешавад, балки хору залил мегардад. Ба таъбири Қуръон "Онҳо мисли ҳайвон, балки аз ҳайвон ҳам бадтар..." мешаванд.
Ҷасад маҳсули ин ҷаҳон аст. Рӯҳ бошад маҳсули олами маъност. Ҳама медонанд, ки ҷисми бе рӯҳ ба ҳеҷ чиз кор намеояд. Аз ин рӯ ба рӯҳ бештар эътибор бояд дод. Рӯза бошад ба рӯҳ ғизо дода, сабабгори ривоҷи он мегардад.
Агар касе "рӯза инсонро заиф месозад"- гуфта фикр кунад, иштибоҳи бузург мекунад. Шояд рӯза одамро ҷисман заиф гардонад, аммо имону маънавиёти ӯро мустаҳкам месозад ва рӯзадорон ба иҷрои корҳое қодир мешаванд, ки пурқувваттарин баҳодурону паҳлавонон аз содир кардани он оҷизанд.
Яке аз саҳобагони гиромӣ Талҳа разияллоҳ анҳу ғайр аз рӯзҳои ид соли дароз рӯза медошт. Дар муҳорибаҳо ҳазрати Талҳа шуҷоатҳои бузурге нишон додааст. Ӯ дар ҷанги Уҳуд дар ҳоле, ки 80-ҷои баданаш захмӣ гашта буд, "Фидока обӣ ва уммӣ, ё Расулуллоҳ!" (Эй Расули Худо, падару модарам фидои ту бод!) - гуфта синаашро ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) сипар намуда буд.Чунин фидокорӣ танҳо аз қуввати имон пайдо мешавад, ки ба ин шубҳае нест.
Аз ин рӯ ту низ аз рӯза матарс. Бояд на танҳо ҷисм, балки рӯҳи ту низ рӯзадор бошад. Яъне, агар рӯзадор бошӣ, бо ҳар кас ғавғо макун, доду фарёд мазан, касеро маранҷон. Рӯзадор бошӣ бештар ибодат кун. Ба намозҳои нафлӣ, ҳамчун ишроқ, аввобин, таҳаҷҷуд диққати махсус деҳ. Зеро вақт мисли бод ва оби равон босуръат мегузарад. Беҳуда гузаронидани умри худ гуноҳ ва ғафлати бузургест.
Рӯза дар қиёмат рӯзадоронро шафоат намуда, мегӯяд: "Парвардигоро, инҳо баҳри ризоияти Ту хӯрдану нӯшидан ва шаҳватро тарк намуда, рӯза доштанд. Ишонро ба ман бахш!"
Қуръон низ тиловаткунандагонашро: "Парвардигори ман, инҳо шабона хобро, рӯзона корҳояшонро як сӯ гузошта, ба тиловати китоби ту машғул гардиданд. Инҳоро низ ба мо бубахш!"- гӯён шафоат мекунад.
Шафоати рӯзаву Қуръон низ мисли шафоати Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) рад намегардад ва боиси мағфирати илоҳию вориди ҷаннат гаштан хоҳад шуд.
Рамазон аслан моҳи маърифат, раҳмат, дигаргунсозии феълу атвор аст. Пиромуни бузургиву шарофати моҳи мубораки Рамазон дар ҳадиси шариф таъкид шудааст: " Ба шумоён моҳи Рамазон соя афканд. Ин моҳ пурбаракат буда, дар он хайри зиёдест. Аллоҳ Таъоло шумоёнро дар раҳмати худ ғарқ месозад ва раҳматашро нозил мекунад. Дар ин моҳ гуноҳон бахшида мешаванд, дуоҳо қабул мегарданд. Ҳақ Таъоло рағбату хайротатонро нисбати ин моҳ дида, дар ҳузури фариштагон аз шумоён фаҳр менамояд. Шумо рӯзаи Рамазони шарифро, ки ҳаққи Худованди Таъолост, бидоред ва корҳои савоб бикунед. Ҳар касе, ки аз раҳмати ин моҳи муборак маҳрум монда бошад, бадбахт аст".
Рамазони муборак - султони ёздаҳ моҳи дигар аст. Мо бесаброна мунтазири ин моҳи бузург мегардем. Бо баробари вуруди Рамазон дар хона, кӯчаву хиёбон ва масҷиду маҳаллаҳо аломати файзи илоҳӣ ва тоату ибодат ба назар мерасад...
Як худи зикру қуръонхониҳо, пандгӯиву намозҳои таровиҳи масҷидро то чӣ ҳад таърифу тавсиф кунем ҳам, кам аст. Шаби Қадр то субҳ мунтазири раҳмату файзи Худованд гардида, бо умед ба зикру ибодат машғул гаштанро як пеши назар оред. Агар одам дар ин айём холисона ибодат кунад, дараҷааш аз фариштаҳои зиёд мегардад. Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки Рамазон моҳи пурбаракат аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2