Раисҷумҳури Украина бо ҳушдор дар бораи ташдиди ҳамалоти Русия, гуфт, ки дархости Ғарб барои ҳалли фаврии ҷанг қобили қабул нест.
Ба гузориши хабаргузории Ал-Арабия, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мегӯяд, ки эҳтимоли ташдиди ҳамалоти Русия вуҷуд дорад, аммо Киев танҳо тавофуқи сулҳиро хоҳад пазируфт, ки одилона бошад.
Зеленский ҳамчунин бо такрори дархост аз муттаҳидон барои ирсоли сомонаи падофанди ҳавоӣ ва ҷанганда ба Киев, гуфт: бузургтарин манфаати Русия ин аст, ки Украина наметавонд аз таслиҳоти эътои Ғарб барои ҳамла ба хоки Русия истифода кунад.
Вай ҳамчунин бо ишора ба иҷроӣ шудани қонуни басиҷи умумӣ аз имрӯз, изъон кард, ки Киев бо ҷазби неру ва мушкилоти муртабит бо рӯҳияи сарбозони украинӣ, даст ва панҷа нарм мекунад.
Гарчи неруҳои Русия дар моҳҳои ахир пешравии тадриҷӣ доштаанд, аммо аз замони оғози ҳамалоти 10 май ба минтақа «Харков», дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе дар марзи шимоли шарқӣ касб кардаанд. https://tajikpress.com/2024/05/18/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d2%93%d0%b0%d1%80%d0%b1-%d0%b7%d0%b5%d0%bb%d0%b5%d0%bd%d1%81%d0%ba%d0%b8%d0%b9/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1