Ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ яке аз зинаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аҳамияти баланди стратегӣ ва ҳаётӣ дорад. Қисми асосии ҷомеа – зиёиён, ки рушду тараққиёт, амният, сулҳу ваҳдат ва мавқеи дилхоҳи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ аз онҳо вобаста аст, маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот камол меёбанд.
Субъекти асосии дар амал татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ ин шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо мебошанд, ки фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва олии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия», Низомномаҳои муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ мемонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек тамоми идораи давлатиро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар ӯҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгуву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.
Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда дида метавонем.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаю бунёдкор ва эҷодкор аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф мешаванд. Ин аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор гирифта буд.
Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд. Инчунин, онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободкорона ва кӯшишу талошҳои пайвастаашон мақоми хешро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон қарор доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гардидани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегӣ медонад.
Аз ин рӯ ҳангоми таҳияи дурнамои сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ ба мушкилотҳои гуногуни маънавию ҷисмонӣ, ки бо таъсири равандҳои шоу бизнес, ВАО, интернет, шабакаҳои виртуалӣ ва телевизионӣ, ки баъзан аз доираи ахлоқи инсонӣ берун фаъолият менамоянд аҳамияти аввалиндараҷа додан зарур буда, ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода ҷиҳати саҳмгузории амиқ кӯшиш намоянд.
Сатҳи амалишавии тамоми ҳадафҳои стратегии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба зиндагии шоиставу арзанда дар бисёр ҳолатҳо аз сатҳи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои олии таълимӣ вобастагии зиёд дорад, ки Президенти Ватани азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.04.2013 махсус таъкид намуданд.
Дар шароити ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати солҳои охир такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ҳадафи асоси мебошад.
Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.
Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пӯлҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо ҷавонони зодаи даврони Истиқлол барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯза аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, содиқона ба Ватан хизмат хоҳем кард.
Ҳамроев Абдусамад, сармутахассиси
раёсати илм ва инноватсияи
ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев