Ҳанўз аз замонҳои қадим маълум аст, ки баробари ташаккул ёфтани нахустин давлатҳо артиш ва мавҷудияти марз нишонаҳои асосии давлатӣ ва таъминкунандагони пойдориву мустақилияти он маҳсуб меёфтанд. Маҳз ҳамин нишонаҳо буданд, ки озодиву истилоли давлатҳоро таъмин намуда, мақому мартабаи кишвари худро дар баробари дигар давлатҳо нишон медоданд. Чунки мавҷудият ва ҳастии артиши давлатӣ на танҳо сохтори давлатиро таъмин менамояд, балки иқтидору баробаровозии давлатро дар баробари дигар кишварҳо бармало месозад.
Мусаллам аст, ки марзу буми ҳар як сарзаминро ба ҷуз сокинони он, ҳеҷ каси дигар ҳифз наменамояд. Ва барои ҳифз намудани марзу буми меҳани як нафар нафари дигар муаззаф ва вазифадор нест. Бе муболиға, агар як давлате барои ҳифзи давлати дигаре камар басту бар муқобили душмани он садо дод, ин кишвари муҳфизаткунанда ҳадафу нақшаҳои худро дар пай дорад. Аз ин рў, барои дифои марзу буми кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва эмин нигоҳ доштани давлат аз хатароти беруна пеш аз ҳама сокинони худи он бояд камари ҳиммат банданд.
Аз ин ҷо, масъалаи муҳим ва масъулияти бузурге, ки дар назди ҳар фарди шарафманд ва дифоъгари манфоеи миллию давлатӣ во гузошта мешавад, дар ҳама лаҳзаю ҳолат ҳифз намудани миллату меҳани хеш аст. Яке аз рукнҳои асосие, ки дўстдории ватан, садоқат ба халқи худ ва дифоъ карда тавонистани марзу бумро нишон медиҳад, маҳз гузариш аз мактаби мардонагӣ, яъне хизмат дар сафи артиши миллӣ мебошад. Гузариш аз ин зинаи мардонагӣ аз як тараф нишонаи садоқат ба халқу ватан бошад, аз тарафи дигар нишон медиҳад, ки нафари дар сафи хартиш хизматкарда дар ҳама лаҳза омодааст, миллату меҳани хешро дифоъ намояд.
Барои ҳеҷ кас пўшида нест, ки Тоҷикистон ҳамчун меросбари собиқ ИҶШС аслан чизе ба мерос нагирифт. Ва ҳатто артиши миллии мо дар заминаи хушку холӣ ва фазои хало ба вуҷуд омада, то сатҳи имрўза басо зинаҳои мураккабу мушкилро тай намуд.
Аммо ҳарзабофону фурсатталабони наҳзатӣ ва дигар бадхоҳони миллат дар зеҳнияти мардум фаҳмишҳои ғалат, дурўғ ва нодурустеро оид ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҷой карданӣ мешаванд.
Имрўз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле қавӣ шудаасту аз нигоҳи омодагии ҳарбию низомӣ ва техникию ҷисмонӣ хеле пеш рафтааст. Мардуми Тоҷикистон ба фарқ аз он бадхоҳон вобаста ба масъалаи ҳифзи Ватан фаҳмиши дуруст доранд. Имрӯз зиёданд ҷавонони ватандӯсте, ки худашон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш мепайванданд ва инчунин, падару модарони зиёде низ ҳастанд, ки фарзандонашонро худ барои дифои марзу буми Тоҷикистон раҳнамун месозанд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонмардони далеру ҷасур ва чунин волидайн буданд, ки артиши миллии мо дар ҷойи холӣ ба вуҷуд омада, аз пасттарин сатҳ ба дараҷаи олӣ расид. Имрўз дар баробари артишҳои қудратманди ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои абарқудрат машқҳои муштарак анҷом додани сарбозону афсарони тоҷик нуктаи мазкурро собит менамояд.
Ҷавонони Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз хизмати Артиш намеҳаросанд. Дар шароити ҳозира ҷавони тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба сафи Артиш мераванд ва хизмати Ватанро ба ҷо меоранд. Сарбозону афсарони шуҷоъи Артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон барои ҳмфзи марзу буми кишвар ҳамеша омодаанд. Чандин ҳодисаҳои вақтҳои охир рухдода, аз ҷумла заду хурдҳои мусаллаҳона дар сарҳад, ҳамлаҳои террористӣ нишон доданд, ки сарбозону афсарони мо омодагии зарурии ҷангӣ ва касбӣ доранд ва бо сари баланд аз иҷрои вазифаҳои худ баромада метавонанд. Чандин афсарону сарбозони далери Тоҷикистон дар ҳифзи Ватан ҳатто ҷони худро фидо кардаанд.
Дар мубориза бар зидди ташкилоти террористии наҳзатӣ низ мо шоҳиди қаҳрамонию далерии афсарону сарбозони тоҷик гардидаем. Аз ҷумла, дар бартараф кардани кушиши табаддулоти низомии наҳзатиҳо дар соли 2015 фарзандони баномуси Ватанамон аз худ корнамоиҳои бемисл зоҳир намудаанд.
Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳифзи озодию шарафу номуси миллат аз анъанаҳои неки гузаштагони мардуми мо ҳастанд, ки ҷавонони Тоҷикистон онҳоро идома медиҳанд.
Ш. Шамсуддинов,
сиёсатшинос
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев