Зиндагӣ барои инсонҳо яксон ва якнавохт нест. Ҳанӯз аз бомдоди тавлид ҳазорон хатаре мавҷуд аст, ки барои зиндагонии инсон таҳдид мекунад. Агар хатарҳои мавҷуд, тавассути ақлу хирад пайгирӣ нашанванд ва ба онҳо аз роҳи тадбирҷӯӣ роҳҳалле пайдо нагардад, онҳо метавонанд, ба инсонҳо таъсироти гуногуни хешро гузоранд.
Новобаста ба ин ҳам иддае аз ҳаводис ва мушкилоте дар зиндагии инсонҳо ногаҳонӣ рух медиҳанд, ки ин ҳаводис ба зиндагӣ шахсият, рафтор ва тарзи зиндагии онҳо таъсир мегузорад. Ҳамин аст, ки инсонҳо вобаста аз ҳолат, вазъият ва бархӯрд ба ҳодисаҳои гуногун ба назари худ ва ба назари дигарон, ҳолатҳоеро аз қабили бечора дар баробари ҳодиса, аз даст додани касе ё чизе ҳолати гумкарда ё гумшударо ба худ мегиранд ва ҳамчунин аз лиҳози равонӣ осебдида, парешон, бепаноҳ, маъюс ва шикасташуда худро тасаввур мекунад.
Ин гуна ҳолатҳои равонӣ муҷиби он мегарданд, ки дар инсон эҳсос боло меравад ва ҳалли мушкилро на аз роҳи хирад, балки мехоҳанд тавассути эҳсос, тахайюл ва тасаввур бароварда созанд. Ин гурӯҳҳо бештар чунин меандешанд, ки бояд барои ҳалли мушкил роҳи осони тазминшуда вуҷуд дошта бошад, ки он ба тарзи муъҷизаосо тавонад мушкилеро саҳлу содда ва бидуни ранҷ ҳал намояд.
Дар баъзе мавридҳо фард ҳарчанд дарк менамояд, ки чунин амалкард аслан воқеъиятро дигар карда наметавонад, вале танҳо ба хотири оромиш бахшидани худ ҳамин гуна амалҳоро анҷом медиҳад.
Фард барои хешро оромиш бахшидан бо амалҳое, ки берун аз ҳалли хирадию ақлӣ ҳастанд, бовар мекунад ва дар тасаввури хеш як нерӯҳои фароиҷтимоӣ ва фароинсонӣ дар хиёлаш мепарварад, ки ба ӯ гӯиё дар ин маврид кӯмак мерасонанд. Зеро дар тасаввури як нафаре, ки бечораву шикаста аст ва ё наздикеашро аз даст додаст, ин итминони хотир вуҷуд дорад, ки як қувваҳои мармузе ба тарзи муъҷизаосо, хоҳиш, амалкард, ниёиш ва ҳолати рӯҳонии ӯро дарк мекунанд ва ба дин васила бо амалкардҳои аҷибу ғарибе ҳамин мушкили ӯро таскин мебахшад.
Вазъияти рӯҳонии чунин нафарон барои гурӯҳҳои дӯкондорони хурофа вазъияти хеле хуберо пеш меоварад. Онҳо аз ин вазъ сӯистифода намуда, нафарони ба чунин вазъиятҳои равонӣ гирифторшударо ба хотири манофеи хеш сӯистифода менамоянд ва ба эшон қиссаву ривоят ва афсонаҳоеро дуруст мекунанд, то ба вазъи равонии онҳо мутобиқ ояд ва аз ин ҳисоб бар суди хеш манфиати иқтисодӣ мебардоранд. Ҳамин аст, ки бовармандию хурофот дар тулии таърих манфиатбардор ва харидорони худро дорад.
Инсонҳо аксаран аз лиҳози равонӣ дар лобалои мушкил ва махсусан ҳаводиси ногаҳонӣ ба мисли зилзилаву туфон, оташсӯзӣ, хушксолӣ ва маргу мир, ки аслан пешакӣ онро интизор надоранд, бо ба вуқӯъ пайвастани ин ҳаводис бисёр сахт ранҷӯр, ошуфтахотир ва ниёзманд мешаванд.
Ҳолати ранҷӯрию гирифтахотирӣ ва осебпазируфтагӣ дар аксар ҳолат наметавонад вазъияти ба вуқӯъ пайвастаро аз лиҳози илмию қонунмандӣ ташхису тамйиз намояд. Он дар ҳоли парешонӣ ва ҳиссиёти баланд қарор дорад. Ҳамин замон аст, ки дӯкондорони хурофа барои фазоро таҳти пӯшиши худ қарор додан, бовармандӣ ва таассубу хурофотро пахш мекунанд ва кӯшиш мекунанд ин ҳолати варшикастагиро бар сӯди худ истифода намоянд. Ҳолатҳои равонии ёдшударо метавон шартан чунин дастабандӣ кард.
Инсони шикасташуда – таассубу хурофафурӯшон ба нафарони шикасташуда сару кор доранд. Онҳо бо ин паём, ки мо шуморо эҳё мекунем ва дурустатон месозем ба дили онҳо роҳ меёбанд. Ин шикасташудагонро метавон аз лиҳози амалкардҳое, ки ба шикаст дучор шудаанд, чунин дастабандӣ кард.
Нафароне, ки ҷиноят содир карда, шикаста шудаанд. Нафароне, ки мансаби хешро аз даст дода шикаста шудаанд ва нафароне, ки пас аз муваффақият дар соҳибкорӣ ё дар ягон соҳоти дигар баъдан ба шикаст дучор омадаанд. Хурофафурӯшон ба онҳо итминони хотир медиҳанд, ки боке нест. Мо метавонем тавассути амалҳои муайяне ин ҷинояти содиркардаатро пок созем ё шуморо дубора бар ҷойгоҳи аввалаатон баргардонем.
Дар ин маврид нафарони дучори шикастшуда агар наметавонанд сабабу омилҳои шикасти хешро аз назари ақлию хирадӣ муайян созанд, бегумон туъмаи хуби гуруҳҳои хурофафурӯш мегарданд. Ҳамин аст, аксар онҳое ки ҷиноят содир мекунанд, дар як вақт хеле сахт мутаассиб ва боварманд ҳам ҳастанд.
Хурофафурӯшон ин гунна нафаронро бо қолаб задан шакл медиҳанд ва онҳоро мехоҳанд шаклсозӣ намоянд. Аммо нафарони шикасташуда як чизи соддаро эҳсос карда наметавонанд, ки гурӯҳҳои хурофафурӯш дар баробари ин амал, озодиро аз онҳо мегиранд. Зеро агар онҳо хоҳанд ин ё он амалеро берун аз чорчубаҳои ин гурӯҳ анҷом бидиҳанд, ба онҳо барчаспи шикасти собиқашонро ҳамчун як нанг ном мебаранд.
Гурӯҳи дигар,ки харидори колои хурофафурӯшонанд, инҳо нафарони осебдидаанд. Воқеъият ин аст, ки нафаре ки дар зиндагӣ ба ин ё он осеби ҷисмонӣ ё равонӣ гирифтор мешаванд, тармими он кори саҳлу соддае нест. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳои хурофафурӯш ин кори бисёр душворро дар назари мардум дар ниҳояти соддагӣ ҷилва медиҳанд, то коло ва хадамоти худро бифурӯшанд.
Ҳамчунин баъзе аз осебҳоеанд,ки шояд аслан қобили тармим нестанд, аммо хурофафурӯшон касеро аз даргоҳи худ намеронанд ва бо умеди дурӯғине онҳоро ҳамчун муштарии хубу беранҷи худ нигоҳ медоранд.
Хурофафурӯшон ба инсонҳои кор мегиранд, ки онҳо шояд аз лиҳози моддӣ мушкиле надоранд ва эҳсоси амният доранд. Аммо гоҳо ба хотири бавроварданашудани баъзе аз ниёзҳои хеш эҳсоси парешонӣ мекунанд. Хурофафурӯшон дарҳол мерасанд ба имдоди ин гуна нафарон. Дар ин ҳолат метавон ҳазорон вазъи хонаводагиеро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод, ки зан ё шавҳар ба хотири ҳолатҳои рашк кам шудани муҳаббати ҳамсар ё дар худ мутақоид мондани ҳамсаронашон ё ба хотири дар мансаб боқӣ мондан ё расидан ба ин ё он навъи мансаб, дар ҳолати парешонии равонӣ қарор мегиранд, ки барои бозори хурофафурӯшон муштарии хубе хоҳанд буд.
Хурофурӯшон аз ин вазъ истифода намуда, тавассути амалҳои аҷибу ғарибе ва бовари ин нафарон ворид мешаванд ва онҳоро мавриди сӯистифодаҳои молиявӣ қарор медиҳанд. Агар ба умқи ин амалкард назар афкани онҳо ҳеҷ чизро иваз намекунанд, илло ин ки аз лиҳози равонӣ як оромиши хотире барои муштарии худ бахшанд. Мутаассифона, решаи ин ҳолат низ аз набуди тарзи таҳлили оқилонаю хирадмандонаи вазъ, эҳсоси тарс, эҳсоси хиёнат боиси гирифтор шудан ба дасти хурофафурӯшон хоҳад шуд.
Яъсу ноумедӣ низ дар лаҳзаҳои муаяни зиндагӣ ба инсонҳо даст медиҳад. Инсонҳо ҳанӯз аз бомдоди зиндагӣ орзуву умедҳои ниҳоят зиёде дорад. Яъне агар як инсон ба тарзи воқеӣ 60-70 сол зиндагӣ кунад, аммо доманаи орзуҳояш барои 800 то 1000 сол барномарезӣ мешаванд.
Аммо ҳаводиси гуногуни дар давоми зиндагӣ рухдиҳанда, гоҳо онҳоро ба яъсу ноумедӣ мекашонад. Хуб ин ҷо низ метавон садҳо вазъият ва ҳводисро мисол зад, ки барои ҳар фард метавонад ҳар гуна сурат бигирад ва дар ҳар вазъият ба таври хосе ба ӯ таъсир расонад. Ҳамин ҷост, ки яъс баъзе аз инсонҳоро фаро мегирад, ғалаба бар яъс барои ҳар фарде мумкин аст, аммо равишҳо ва абзорҳои ғолиб омадан бар яъс ҳамеша бар дасти афрод нест. Дар ин ҳолат низ агар фард хирадандеш бошад, дарк менамояд, ки ҳолати ба вуқуъпайваста аз кадомин омилу сабаб вобастагӣ дорад ва бо шинохти дурусти ҳолату вазъият ва қонунмандии он хешро таскину тасаллӣ бахшад.
Аммо барои касоне, ки наметавонанд хешро аз вазъияти яъсу ноумедӣ берун оваранд, гурӯҳҳои дӯкондори хурофа дасту остин бармезананд, то онҳоро аз ин ҳолат бадароваранд ва онҳо бо додани умедҳое ба ояндаи номаълуме ин нафаронро мехоҳанд аз яъсу ноумедӣ тавассути ба даст овардани пулу молу чиз ё бартар нишон додани шахсияти худу муъҷизаосо будан, ин амалҳоро анҷом медиҳанд.
Ҳамин аст, ки рӯҳониёну хурофапарастон бештар ба мардуме кор мегиранд, ки онҳо дучори навмедӣ ва афсурдаҳолӣ шуда бошанд. Дар назари гурӯҳҳои маъюс, ин нафарон чунин ба ҷилва дармеоянд, ки гӯё воқеан онҳо мушкилкушоянд ва чораи ҳар гуна мушкилро бо роҳи муъҷизаосо ҳал менамоянд. Ҳамчунин ба олами ғайб пайвастанд ва як навъе аз пайвандгарони замину осмон ба назар мерасад.
Гурӯҳи дигаре, ки мвриди ҳадафи дӯкондорони хурофа қарор мегиранд инҳо нафаронеанд, ки то андозае дар зиндагӣ роҳгум задаанд. Дӯкондорони хурофа ва рӯҳониёни пайравони онҳо худро ба ҳайси роҳнамо нишон медиҳанд ва гӯиё онҳоеанд, ки мардумони роҳгумзадаро бо “роҳи мустақим” ҳидоят мекарда бошанд.
Агар ба худи зуҳури мардумони роҳгумзада назар афканем ин нафарон одатан аз набуди донишҳои ақлӣ тафаккури таҳлилӣ ва дар фазои муҳити носолими хонаводагию иҷтимоӣ тарбият гирифтан ба вуҷуд меоянд. Чун як барномаи мушаххасе барои зиндагии хеш надоранд, аз ин рӯ тамоили каҷравӣ менамоянд, ки ин ба назари гурӯҳҳои муаян ҳамчун гумроҳшуда арзёбӣ мешавад.
Аз тарафи дигар хурофафурӯшону рӯҳониён чунин мепиндоранд, ки онҳо ҳамеша дар роҳи ҳақанд ва ҳар касе аз дидгоҳҳои онҳо агар заррае берун рафтааст, пас ноқис ва гумроҳ шудааст. Ҳамин аст, ки онҳо худро гӯё мувазаф ва масъул меҳисобанд, то тавассути таблиғи ақоид ва назариёти хеш ин нафаронро ба истилоҳ аз гумроҳӣ раҳоӣ бахшанд. Аз як тараф чунин муносибат боиси он мегардад, ки дар назари авом ҳар гуна донишманд ё соҳибназаре, ки бар ақоиди рӯҳониёну хурофабоварон мухолиф аст, ҳамчун гумроҳшуда ва берун аз “роҳи ҳақ” арзёбӣ мегарданд ва аз ҷониби дигар ҷойгоҳи дӯкондорони хурофа бисёр барҷаста ва то андозае муқаддасу ғайризаминӣ ба ҷилва дармеояд.
Ҳамин тавр, гурӯҳҳои хурофафурӯш бештар бо ниёзмандону бечорагон сару кор доранд. Яъне дар ин ҷо мазмуни бечора нафаре дар назар аст, ки дар баробари мушкили муайян наметавонад аз роҳҳои мантиқию ақлонӣ роҳҳалли мушкилро пайдо намояд.
Дар ин маврид, дӯкондорони хурофа ба ҳайси мушкилкушо ҷиҳати боло бурдани нуфузи хеш дар байни тӯдаҳо, худро ҳамчун чорагар ва ҳалкунандаи ҳамаи мушкил ҷилва медиҳанд ва агарчӣ шояд наметавонанд аз роҳҳои ақлонӣ мушкилро ҳал намоянд, вале бо роҳи тахайюлӣ ва анҷом додани амалҳои аҷибу ғарибе аз қабили дӯо кардан, тумору таштоб, бозубанд, роҳкушоӣ, бахткушоӣ, толеъбинӣ ва амсоли ин гӯё барои ҳалли ҳамаи мушкил чораҳоеро дар ихтиёр доранд ва бо ин роҳ метавонанд ба ҳама мушкилӣ расидагӣ намоянд.
Албатта дар ҳар ҷомеа ҳамин гуна гурӯҳҳо, ки гирифтор ба вазъиятҳои гуногун мешаванд вуҷуд дорад ва ҳеҷ кас аз мушкилу дучор шудан ба вазъиятҳое, ки эҳсоси бечорагӣ дармондагӣ ва яъсу ноумедӣ бошад ҳифз шуда нест. Зеро дар гардишҳои рӯзгор ҳар гуна ҳолат ва вазъиятҳои рӯҳонӣ метавонад барои афроди як ҷомеа даст диҳад.
Вале ҳар қадар агар афроди ин ҷомеа аз лиҳози дониш, огоҳӣ ва хирад мусаллат бошанд, аз роҳҳои илмиву ақлонӣ метавонанд аз пайи ҳалли мушкили хеш бошанд. Аз тарафи дигар, дар ҷаҳони муосир пайи ҳалли ҳар гуна мушкил равияҳои муайяни илм тахсис ёфтаанд ва ҷомеаҳо ба хотири ҳалли ин гунна мушкили дар онҳо ҷойдошта ниҳодҳо ва сохторҳоро бо ҳадафу вазифаҳои нав ба миён овардаанд, ки аз ин роҳ метавонанд ба вазъиятҳои гуогуни афрод расидагӣ намоянд ва онҳоро то андозае аз роҳи ақлу хирад ба оромиш бирасонанд.
Имрӯз ҷомеаи моро низ зарур аст, то баҳри кам кардани шиддати хурофазадагӣ пеш аз ҳама таваҷҷӯҳ ва аҳамияти вижа ба мактабу маориф, донишомӯзӣ ва огоҳии илмӣ аз ҳаводису воқеиёти ҷаҳон бештар тарвиҷ намоянд. Аз тарафи дигар ҳамаи ниҳодҳои масъули иҷтимоӣ, ки ба хотири ҳалли ин ё он мушкил рӯи кор омадаанд, масъулиятшиносона дуруст ва бетаъхир амалу вазифаҳои хешро анҷом диҳанд.
Он гоҳ муқовимати иҷтимоӣ дар баробари ҳама гунна рӯҳия, фазо ва тафаккури хурофотӣ ба миён меояд ва ором – ором ҷомеа тамойюл ба навгироӣ ва илму хирад менамояд. Ҳар қадар сафи донишманду рушангар дар ҷомеа афзояд, ҳамон қадар осебпазирии иҷтимоӣ кам хоҳад шуд ва ҷоме рушж хоҳад кард.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев