Зан кист?
___Зан таваллуд шуд:
Писар не духтар будааст , Падар руҳафтода шуд ӯ писар мехостааст.
___Зан ба воя расид:
Гуфтандаш: Дар хона шин хонданат шарт нест, корҳои хонаро ёд бигир кифоя.
___Зан дӯст дошт:
Гуфтандаш: Ҳаққи дӯстдорӣ надорӣ, гӯё дар зан дил набошад.
___Зан ба шавҳар баромад:
Гуфтандаш: Келин хап кун, шабу рӯз бояд хизмат кунӣ.
___Зан фарзанддор шуд:
Гуфтандаш: Худо неъматашро ба ту дод яъне фарзанд.
Худатро фаромӯш кун барои фарзанд.
___Зан хушдоман шуд:
Писараш гуфт:Модар гап назан хомӯш бигард, ки занам аз ман меравад.
___Зан аз дунё рафт:
Гуфтандаш: Чаро моро партофта рафтӣ, чашмони моро пуробу диламонро ғамгин кардӣ.
___Зан: Ҳарчизе, ки ба ӯ тааллуқ дорад ҳақ надорад?
___Ба муҳаббати Падар...
___Ба хондан ...
___Ба дӯст доштан...
___Ба муҳаббати хонаводаи шавҳар ...
___Ба муҳаббати шавҳар...
___Ба муҳаббати фарзандон...
___Ҳатто ҳақ надорад худро дӯст бидорад...
___Ҳатто ба мурдан низ...
___Пас зан кист???
___Ӯ низ инсон ҳаст ...
___Ба ҳамаи чи ҳақ дорад...
___Ӯ кул нест!
___Пас ба қадри ЗАН- МОДАР бирасем!!!
___То он замоне, ки аз даст надиҳем!!!
ФОСИЛА.
Нет комментариев