Ҷавонмардро гарму хунуксозиҳои маъшуқааш ончунон девона кард, ки зану фарзандаш ба назараш мисли хук менамуданд...
Ҷавонмардро гарму хунуксозиҳои маъшуқааш ончунон девона кард, ки зану фарзандаш ба назараш мисли хук менамуданд...
Ҳанӯз аз овони хӯрдсолиам Маҳинаро хуб мешиносам. Дар як деҳа калон шудем, дар як мактаб ва дар як парта сабақ мегирифтем. Бархе моро фарзандони як падару модар меҳисобиданд, чунки чеҳраамон бо ҳам шабоҳат дошт. Дар асл бегона будем, вале аз хоҳарони ҳамхун ҳам меҳрубонтар. Маҳина як бародар дошту халос. Дар хона танҳо зиқ шуда доим ба хонаи мо меомад. Рӯзи дароз ҳамроҳ будем. Ҳамин тавр синфи ҳаштумро бо тантана хатм кардем. Падару модари ман намехостанд таҳсиламро давом диҳам, чунки дар деҳот аксари духтарон то синфи ҳашт мехонданд. Падару модари Маҳина ба хонданаш зид набуданд. Маҳина назди падару модари ман омада, зорию таввало кард: «Марҷонаро иҷозат диҳед, таҳсилашро давом диҳад!» Падару модарам, ки Маҳинаро ҳамчун фарзанди худашон дӯст медоштанд, розӣ шуданд. Маҳина духтари зебову дилкаш буд. Ҷавонони зиёде ба ӯ изҳори муҳаббат мекаданд, вале вай ба касе дил намедод.
***
Рӯзҳо турнасон сипарӣ мешуданд. Маҳина рӯз то рӯз зеботару хушгуфтор мешуд. Рӯзҳои охир ӯро парешонхотир дида ҳайрон мешудам. Мехостам бо Маҳина дар танҳоӣ сӯҳбат кунаму чӣ дард доштанашро пурсам. «Маҳина! Дар байни мо набояд ягон сири пинҳон бошад. Дарде дорӣ аз ман пинҳон медорӣ»,-пурсидам аз Маҳина пайти муносиб ёфта. Маҳина оҳи сарде кашида гуфт: «Марҷона, чандест, ки Парвиз ном ҷавоне бо суханони ширину ақли расояш ҳушу ақламро рабудааст. Гумон мекунам, ки дарди ишқ аст. Сухани ӯро рад кардан намехоҳам. Чӣ кор кунам, ту ба ман чӣ маслиҳат медиҳӣ? Симои Парвизро аз пеши чашмонам як лаҳза дур карда наметавонам. Парвиз ваъда дод, ки пас аз хатми мактаб бо ҳам хонадор мешавем. Медонам, ҳамаи ҷавонҳо ҳамин гапро мегӯянд, лекин Парвиз фиребгар нест, ҷиддӣ мегӯяд». Нигоҳи Маҳина илтиҷоомез ва чашмонаш намнок буданд. Эҳсос намудам, ки дугонаам дар ҳақиқат ошиқ шудааст. «Ба ту чӣ ҳам мегуфтам. Ақлатро кор фармо, боз худро дар назди мардум шармандаву таънашунав накунӣ»,-гуфтам насиҳатомез ва бо Маҳина хайрухуш кардам.
***
Аз ишқи Парвизу Маҳина ғайр аз ман дигар ҳеҷ кас огоҳ набуд. Онҳо пинҳонӣ сӯҳбат мекарданд. Ман Худоро зорӣ мекардам, ки ин ҷуфти муносибро ба висоли ҳам расонад. Ду сол турнасол сипарӣ шуду мо мактаби миёнаро хатм кардем. Парвиз, ки фарзанди калонии хонадон будааст, розашро ба падару модараш ошкор намуда ба хонаи Маҳина хостгорӣ рафтанашонро хоҳиш менамояд. «Агар ҳамон духтар ба ту маъқул бошад, албатта гирифта медиҳам! Аммо сабр кунед имсол туро ба донишгоҳ дохил мекунему ҳатман соли оянда аз паси тарадуди тӯй мешавем», -ваъда додааст падараш. Парвиз ин хушхабарро ба Маҳина расонд. Маҳина аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид, вале...
Рӯзе андармони кору бори хона будам, ки Маҳина аз дар даромад. Рангу рӯи паридаашро дида ҳуш аз сарам парид. «Ба ту чӣ шуд Маҳина? ,-гӯён ҳолпурсӣ намудам. Ӯро гиря гулӯгир карда буд. Ашк рухсораҳои чун лола зебояшро мешӯст. Маҳинаро каме ором кунонида ба хона даровардам, то бифаҳмам, ки чи воқеа рух додааст «Марҷона, падарам маро ба шавҳар медиҳад. Ба писари сарватманди як ҳамкораш, имшаб маро фотеҳа карданианд»,-гӯён Маҳина бо алам гирист.
Дилам ба ҳолаш сӯхт. Мехостам ба падару модараш қиссаи ишқи Маҳинаро нақл кунам, вале бефоида буд. Медонистам, ки гапи падари Маҳина яктост ва ҳеҷ гоҳ аз лафзаш намегардад. Ба Парвиз занг зада, хабари нохушро ба ӯ расондем. Он рӯз барои Парвиз рӯзи мотам буд. Бо касе гап задан намехост. Дунё гӯё дар назараш тираву тор буд. Хост рафта бо падари Маҳина мардона, яка ба яка сӯҳат кунад, вале Маҳина гуфт, ки баҳс кардан бо падараш фоида надорад.
«Бо хоҳиши волидонат хонадор шавӣ, баракат меёбӣ»,- мегӯянд. Ту ҳам албатта хушбахт мешавӣ. Беҳараш Парвизро фаромӯш куну аз паси зиндагиат шав»,-гӯён дугонаамро тасаллӣ додам. «То ҷон дар бадан дорам, ӯро фаромӯш карда наметавонам»,-қатъӣ гуфт Маҳина ва бо дидагони ашкбор ба хонаашон баргашт.
***
Як моҳ пас Маҳинаро тӯй карда ба хонаи бахташ гусел намуданд. Шавҳараш Муқим ҷавонмарди паҳлавонҷуссаи зебое буд. Маҳинаро дӯст медошт. Зиндагии ширин доштанд, вале Муқим ҳар қадами Маҳинаро наззора мекарду ҳатто дар кӯча ӯро танҳо намегузошт. Хусуру хушдоманаш аз Маҳина розӣ буданд, чунки иззату ҳурмати онҳоро ба ҷо меовард. Хонаҳои баландошёнаи зиёде дошта бошанд ҳам, баъди писардор шудани Маҳина хусуру хушдоманаш оилаи ҷавонро ба хонаи алоҳида кӯчонданд. Аз чизе танқисӣ намекашид Маҳина. Солҳо турнасон мегузаштанд. Ман ҳам ба шавҳар баромадам. Ду дугона соҳиби писару духтарҳои зебо гашта аз бахтамон шод будем, вале...
***
Тасодуфан рӯзе ман дар назди корхонаи шавҳарам бо Парвиз рӯбарӯ шудам. Хеле сӯҳбат кардем. Парвиз аз зиндагии Маҳина пурсон шуд «Зиндагиаш хуб аст, лекин туро ҳаргиз аз хотир намебарорад. Ба писараш номатро гузоштааст»,-пӯкида мондам ман.
Аз байн солҳои зиёд сипарӣ шуда бошад ҳам, Парвиз ҳанӯз ишқи Маҳинаро дар дил доштааст. Рақамҳои телефони Маҳинаро аз ман навишта гирифту хайрухуш карда рафт. Ӯ донишгоҳро хатм карда соҳиби вазифаи калон, сардори корхонаи бонуфузе гашта буд, вале ҳамоно дар фироқи ишқи кӯдакӣ месӯхт.
***
Рӯзи дигар Маҳина кӯдаконашро ба мактаб фиристода хӯрок мепухтааст, ки занги телефонаш садо медиҳад. Гӯширо бардошта «лаббай» мегӯяд. «Салом Маҳина. Ман Парвиз!»-Маҳина бо шунидани садои Парвиз аз шодӣ қариб дилкаф мешавад. Онҳо хело сӯҳбат карда давраҳои ҷавониро ба ёд меоранд. «Ман туро чунон пазмон шудаам, ки дигар як лаҳза тоқати дурӣ надорам», -гӯён Маҳина Парвизро ба вохӯрӣ даъват мекунад. «Маҳина, ту зиндагии обод дорӣ, ман ҳам соҳиби зану бачаам, мардум чӣ мегӯянд!»-рад мекунад Парвиз. «Мардум чизе мегӯянд, гуфтан гиранд. Туро дидан мехоҳам!»-гӯён Маҳина ду пояшро ба як мӯза андохта якравӣ мекунад.
Ҳамин тавр, Маҳина ҳар рӯз ба Парвиз занг зада сӯҳбатҳои ширин мекардааст. Бо суханони ширину пурмуҳаббаташ Маҳина оташи ишқро дубора дар дили Парвиз аланга медиҳад. Рӯзе Муқими бехабар аз найрангҳои занаш нисфирӯзӣ каме нотоб шуд ба хона меояд. Садои бо телефон гап задани Маҳинаро шунида дар долон каме гӯш ба сӯҳбати онҳо медиҳад. Маҳинаи саргарми сӯҳбати ошиқона, чӣ тавр ба хона даромадани шавҳарашро нафаҳмида мемонад.
Муқим суханони саршори ишқи занашро шунида девона мешавад. «Ту бо кӣ гап зада истодаӣ?! Зани беифат, шарм надошта бо марди дегона ишқбозӣ мекунӣ? Ман шавҳарам ё латта?! Чаро аз ман пинҳон медорӣ, гап зан?! Бори аввал Муқим ба сари Маҳина даст бардошта, ӯро мурданивор мезанад. Агар ба ман росташро нагӯӣ, худи ҳозир ҷавобатро медиҳам», -гулӯи занашро қариб бӯғи карда таҳдид мекунад Муқим.
Маҳинаи аз тарс дар ҷояш шахшуда, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, сарҳисоби корашро гум карда, ба Муқим дар бораи Парвизу ишқи кӯдакиаш нақл карда, зорию таввало мекунад, ки ӯро шарманда накунад, гуноҳашро бахшад. Аммо Муқим аз он тоифае набуд, ки чунин гуноҳи азимро бахшад. «Ту дигар ба ман лозим нестӣ! Рав, дафъ шав, ба назди ошиқат рав! Ман даюс нестам», -гӯён Маҳинаро дашномҳои қабеҳ дода, бо се фарзандаш ба мошин савор карда ба хонаи падараш бурда, Муқим ҷавоби занашро медиҳад.
***
Падару модараш Маҳинаро сарзаниш намуда дуои бад мекарданд. Маҳина ба души модараш бори зиёдатӣ шуда буд. Аз шарму ҳаё вай ҳатто берун намебаромад. Аз ҳамсояҳо шарм медошт. Сари падару модарро дар назди ҳамсояҳо хам карда, зери борони маломат монда буд. Мехост Парвизро аз ин ҳодисаи нохуш огоҳ кунад, вале Парвиз аз тарс телефонашро хомӯш карда буд.
Хабари аз шавҳараш ҷудо шудани Маҳинаро шунида, ман худро маломат мекардам. «Ба ҳамааш ман гунаҳкорам. Чаро рақамҳои телефони Маҳинаро ба Парвиз дода, онҳоро дубора бо ҳам ошно кардам?! Акнун ба рӯи Маҳина чи хел нигоҳ мекунам?!»,-гӯён дарун-дарун худро мехурдам. Ҷуръати ба аёдати Маҳина рафтанро надоштам. Аз вохӯрӣ бо Маҳина метарсидам. Фикр мекардам, ки дугонаам аз ман рӯй тофтааст. Аммо баръакс, рӯзе худи Маҳина ба суроғам омада гарм ҳолпурсӣ намуда бо аламу дард гиря кард. Қисса кард, ки Парвиз ӯро дидан намехоҳад. Аз ин хотир, ба хулосае омадааст, ки Парвизро бо роҳи сеҳру ҷоду ба худаш гарм карда, аз худ мекунад.
Ҳарчанд фаҳмондам, ки гарму хунуку сеҳру ҷодугарӣ кардан гуноҳи азиму нобахшиданист, Маҳина ба гапам гӯш надод. «Бахти худатро сӯхтӣ, илтимос Маҳина, ба бахти зану фарзанди Парвиз зомин нашав»,-гӯён таъкид намудам. Маҳина заҳрхандае карда баромада рафт.
***
Ҳамон рӯз Маҳина аз хонаи ман баромада ба назди Мулло Саид ном ҷодугаре мераваду бар ивази 100 доллар Парвизро ба худ гарм мекунад. Парвиз пас аз ду рӯз бо таъсири ҷоду беқарор шуда худаш ба ҷустуҷӯи Маҳина баромада, ӯро ба вохӯрӣ даъват мекунад.
«Парвиз, оташи ишқат қалбамро месӯзонад. Бо ту будан мехоҳам»,-гӯён ба Парвиз мечаспад Маҳина. «Ман зану фарзанд дорам. Инро мефаҳмӣ ё не! Ё мехоҳӣ ман ҳам мисли ту хонавайрон шавам!»-гӯён Парвиз маҳбубаашро аз роҳи хато гардондан мехоҳад. «Маро ҳам ба никоҳи худ дарор. Бигзор занат истад, ман зани дуюмат мешавам»,- якравӣ мекунад Маҳина.
«Сабр кун, Маҳина, ягон илоҷашро меёбам», -гӯён Парвизи ба доми ҷоду афтода Маҳинаро ба оғӯш мегирад. «Ёд дорӣ он рӯзеро, ки мо бо ҳам ошно шудем. Рӯзи сарди зимистон буд, вале гармию самимияти ту зимистонро дар назарам баҳор гардонд. Парвизҷон, бубахш, ки ба қадри ишқи покат нарасидам. Аммо бо тамоми ҳастӣ, бо ҳама вуҷудам туро дӯст медорам. Ман туро ба ҳеҷ кас намедиҳам»,-гӯён Маҳина лаб ба лабҳои ҷавон бурда, Парвизро аз шаҳди бӯсаҳои ширин маст месозад...
***
«Ба ту чӣ намерасад, ки саратро дар бало мемонӣ. Гул барин фарзанду ҳамсари меҳрубон дорӣ, боз чӣ мехоҳӣ? Чаро думболи он зани беҳаёро гирифтаӣ», -хабари дубора бо ошиқи аввалааш робита пайдо кардани писарашро шунида, ба сари Парвиз мешӯранд волидонаш.
Парвиз дар миёни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист.
Сеҳру ҷоду чашмонашро гӯё кӯр карда буд, ки дигар на насиҳати падар ба гӯшаш медаромаду на суханони модараш. Дар ишқи Маҳина Маҷнун гашта буд. Падару модараш дигар Парвизро нигоҳ дошта наметавонистанд.
***
Модари Маҳина барои бахти шикастаи духтараш, барои набераҳои дар нимароҳ мондааш менолид. Маҳинаро бошад, парвои олам набуд. Як лаҳзаи бо Парвиз якҷо буданро аз хонаву дар, аз падару модару фарзандонаш боло медонист. Парвиз ҳам чунон сахт ба доми ишқи Маҳина афтода буд, ки ҳатто ба коргоҳ рафтанро фаромӯш карда, вақташро танҳо бо айшу нӯш мегузаронд.
Онҳо бо ҳамдигар маслиҳат карда, аз хона фирор намуданд. Аз байн ду рӯз гузашт, вале аз Маҳинаю Парвиз дарак набуд. Субҳи рӯзи сеюм модари Парвиз ба хонаи Маҳинаино омада ҷанҷол бардошт. Модари Маҳина аз тарси шармандагӣ ӯро ба хона таклиф кард. «Намедароям! Писарам дар куҷост? Агар бо Парвиз ягон воқеа рӯй диҳад, ҷойи духтарат турма мешавад!», -гӯён модари Парвиз дарвозаро шатта зада баромада рафт.
«Худоё, ин чи бало буд, ки ба сарам омад?! Ин духтар оқибат сари моро мехӯрад»,-нолид модари зор ашки чашмонашро поксозон. Ҳамсояҳои ҳангоматалаб ба ҳолаш механдиданд. Пас аз кофтукобҳои зиёд онҳоро пайдо карданд. Падараш шаппотии обдоре ба рӯйи Маҳина зада ӯро ба хона овард.
Падару модари Парвиз писарашонро хуб сарзаниш карда, чанд муддат дар хона нигоҳ доштанд, то бо баҳонаи ба кор рафтан боз ба назди маъшуқааш наравад. Аммо кӯшишҳояшон натиҷа надод. Парвиз дигар ҳамсари азизашро чашми дидан надошт. Сеҳру ҷоду зану бачаҳояшро дар чашми ҷавон мисли хук гардонида буд. Аз занаш дурӣ меҷуст. Бистари поку беғубори никоҳӣ акнун ғашашро меовард.
Мехост ҳамеша дар бари Маҳина бошаду аз лабони нозукаш бӯсаҳои шаҳдбор ситонад. Аз дунболи ишқи сар-сарӣ гаштани Парвиз шаъну шараф ва обрӯи ӯро дар назари рафиқонаш паст карда буд. Дигар дар назди ҳамкоронаш як зарра ҳам қадру қиммат надошт. Касе бо вай ҳамтабақу ҳамроҳ шудан намехост. Ба рӯи одамон беибо нигариста наметавонист. Байни обу оташ монда буд ҷавон. Дилу ҷигараш месӯхт. Дарду ғам Парвизро дарун-дарун мехурд. Вай дигар зистан намехост, зеро на тоби ҷудоӣ аз Маҳинаро дошту на қудрати бардоштани ин ҳама овозаю шармандагиро.
***
Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, аз Парвиз ҳанӯз дарак набуд. Ба дили модар гӯё алоб рехта бошад, сабру тоқатро аз даст дода, рӯ рӯи ҳавлӣ мегашту тасбеҳ гардонда аз Худованд талаб мекард, ки Парвизашро дар паноҳаш нигоҳ дорад.
Парвиз то соати дуи шаб дар паси дарвоза ба хона даромадани падару модарашро интизорӣ кашид. Ҳамин, ки пиракиҳо хобиданд, ба оғил даромад ва ресмонро гирифта ба гарданаш ҳалқа кард. «Маро бубахш Маҳина! Бубахш, ки туро хушбахт карда натавонистам. Туро хонавайрон кардам, зани бегуноҳамро ҳам бадбахт кардан намехоҳам. Бори вазнини шармандагиро дигар бардошта наметавонам. Ҷои ором мехоҳам. Худкушӣ гуноҳӣ нобахшиданист, вале ягона роҳи наҷоти ман ҳамин аст. Алвидоъ Маҳина!» -пичиррос зад худ ба худ ва кундаро шатта зад. Ҷисмаш дар расан хеле тапиду баъдан ҷони ҷавонаш бо сахтиҳо аз ҷисмаш баромад. Ҷасади ҷавон то саҳар мисли орзуҳои хазонгаштааш дар расан алвонҷ мехӯрд...
***
Модар шаби дароз мижа таҳ накарда роҳи Парвизро пойид. Ба назараш ин шаби сиёҳ поён надошт.
Ниҳоят субҳ дамид. Зани Парвиз чун ҳамарӯза сатилро гирифта барои говҷӯшӣ ба оғил рафт. Баробари ба оғил даромадан чашмаш ба ҷисми беҷони дар расан овезон афтода, ҳуш аз сараш парид. Фиғони ҷонхароше кашида бо тамоми овоз «Парвиз!!!»-гӯён дод зад. Падару модар саркану покан ба сӯи оғил давиданд. Ҷисми беҷони дар шифт овезони писарашро дида модар аз ҳуш рафт. Дар як лаҳза ҳавлӣ пур аз одам шуд.
Хабари худкушӣ кардани Парвиз деҳаро ба по хезонд. Овоза ба маркази ноҳия ҳам расид. Хабари хунук даҳон ба даҳон мегашт. Хабари марги Парвизро шунида Маҳина сӯи хонаи онҳо равон шуд. Бо ашки шашқатор мехост ҷисми беҷони Парвизро ба оғӯш гирифта, барои сеҳру ҷудо ва гарму хунуккуниҳояш бахшиш пурсад, вале модари Парвиз ва ҳамсари ӯ Маҳинаро ба ҳавлӣ даромадан нагузоштанд. Нагузоштанд, ки ба ҷасади Парвиз наздик шавад. Хешу табор ва ҳамсояҳои роздон Маҳинаро шармандавор аз дар берун карданд.
***
Аз марги Парвиз ҳашт сол сипарӣ мешавад. Аз он Маҳинаи зебои пештара дигар нишонае намондааст. Ғам ӯро афгору бемор кардааст. Фарзандонаш ба воя расида азоби бепадарӣ мекашиданд. Маҳина акнун ба қадри шавҳари меҳрубонаш расида, дар хонаи падар бо се фарзанд чашм ба роҳ аст, ки рӯзе Муқим омада ӯро бо фарзандонаш дубора ба хона мебарад. Аммо Муқим кайҳо оилаи нав барпо карда Маҳинаю фарзандонашро фаромӯш кардааст.
Ин буд саргузашти талхи дугонаам, ки бо ашки шашқатор рӯи коғаз овардам. Ман то ҳол худро гунаҳгори бахти сиёҳи Маҳина мешуморам. Ин сир танҳо байни ману дугонаам пинҳон буд, вале ман дигар тоби дар оташи ғам сӯхтани дугонаамро надорам. Шояд шумо ҳам маро гунаҳкор мекунед хонандагони азиз, вале умед дорам, ки нисбати тақдири Маҳина бетараф намемонед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев