Предыдущая публикация
Модари ҷону азизат дидааш тар мекуни.
Ҳеҷ кас дар зиндагонӣ ҷойи ӯ натвон гирифт,
Ҳамсари ноздонаат бо ӯ баробар мекунӣ.
Модар аст болотар аз ин сарвати дунё бидон,
Бе дуои ӯ сияҳбахтиӣ , сияҳтар мекунӣ.
Ҳар замоне ки диҳад пандад ғаниматҳо бидон,
Менашояд пеши Ӯ то гӯши худ кар мекунӣ.
Эй зи гуфтори хушаш сарро мапеч ҳаргиз манол,
Модари нозпарваратро хуни ҷигар мекунӣ.
Баҳри оне, ки надонад қадри Модарро бидон,
Сад афсӯс мехӯрӣ ҳам хок бар сар мекунӣ.
Чун бирафт Модар Падар гарди пушаймон то абад,
Дар азобу мотамаш ду дидаро тар мекунӣ.
Маҳмарауфи Маҳмадиёр
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2