ШАҲРИ ЗЕБО - ДУШАНБЕ
_________
_________
Шудам имрӯз меҳмони Душанбе,
Бидидам рӯи тобони Душанбе.
Чу булбул масти ин гулзор гаштам,
Шудам ин дам газалхони Душанбе.
Тамошогоҳе беҳ аз ин набошад,
Яқинан мулки хубонӣ, Душанбе!
Умеди рӯзи фардои ҷавонон,
Ту доим бо ҷавононӣ, Душанбе!
Чу маҳтоб нур афшонӣ ҳама шаб,
Зи сар то по чароғонӣ, Душанбе!
Чу қалби Тоҷикистон зинда бошӣ,
Умедбахши ғарибонӣ, Душанбе!
Чу модар меҳрубонӣ менамоӣ,
Ту бо кулли ятимонӣ, Душанбе!
Парешон баҳри ту ҷуз ин нахоҳад,
Ҳамеша дар амон монӣ, Душанбе!
Manizhai 7 кӯлӣ
Комментарии 16
Неки равид роҳат мекунид, Худова шукр ободӣ дар авҷаш Конибодоми азизамонба