....МАНЗИЛАМ ОМАД, БА ЁД....

  • Класс

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! 🇹🇯❤️

🇹🇯❤️ Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 33-солагии ҷашни муқаддасу бузурги истиқлоли давлатиро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу менамоем.🤲❤️🇹🇯
  • Класс

ҶОНАМ ГАШТААСТ, СЕР ДАР ҒАРИБӢ ....

Шудам бисёр дилгир дар ғарибӣ,
Ба сони побазанҷир дар ғарибӣ.
Ба ёди модари ширинзабонам,
Ҷавон будам, шудам пир дар ғарибӣ.
Дилам дар сина дорад беқарорӣ,
Чунон гаштам нафасгир дар ғарибӣ.
Бишуд рӯзе, ки дӯстон ҷон супурданд,
Нагаштам ҳолнозир дар ғарибӣ.
Дуоям кун ҳамеша, Модари зор,
Чунин аст амру тақдир дар ғарибӣ.
Дилам хоҳад қарини ёр бошам,
Валекин дурам охир дар ғарибӣ.
Ғарибӣ дарди сахту бедаво аст,
Ки нест ҳеҷ кор ҳозир дар ғарибӣ.
Ғарибе гуфт рӯзе бо Парешон,
Ки; "Ҷонам гаштааст сер дар ғарибӣ!"
  • Класс

ВАТАНИ БИҲИШТОСОЯМ.....🤗❤️🇹🇯

00:26
🤗❤️🇹🇯
743 просмотра
  • Класс

ҲЕЧ КАС, ЧУН МОДАРАМ НЕСТ....

  • Класс

РӮЗИ САИДИ ҶУМЪА МУБОРАК 🥀🕋🥀

00:13
🕋❤️🕋
628 просмотров
  • Класс

ФИДОИ ХОНАЮ ХОНИ ТУ МОДАР!...

#ғариби
  • Класс

ВО ҒАРИБӢ, ВО ҒАРИБӢ, ВО ҒАРИБО, ВО ҒАРИБ....

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин чо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзӯманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар чаҳон, то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Мехнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло, ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсиди, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад, касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ ки афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ чон ба сахти медиҳад, мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.
✍️КамолиХуҷандӣ
  • Класс
Показать ещё