___Оби чашми ман бишкуфт рӯи роҳи раҳпоӣ.
___Оҳу сад алам, э дод, тавқи гиряву фарёд,
___Бастааст туро ин ҷо ошиқиву савдоӣ.
___Гулъизори манро бин ,баршукуфта дар гулшан,
___Як гуле намеёбӣ ин қадар ба зебоӣ.
___Ҷустаам нишонашро то фалак ба ҳар ранге,
___Монда кавши поямро дар замини бобоӣ.
___Ҳар гаҳе назар мекард дар китоби ҳаҷри ман,
___Дурри чашми ӯ мерехт рӯи байти ялдоӣ.
___Ошиқӣ аҷаб зебост, бо ғаму ҷудоиҳош,
___Гаҳ шавӣ ба гул печон, гаҳ расӣ ба расвоӣ.
___Шаҳди норванд ин ҷо мечакид ба лабҳоям,
___Лаб газидаю медод бӯсаҳои анвоӣ.
___Тори синаро меканд нолаҳои ширинаш,
___Метапид хуни шавқаш бо руҷӯи дарёӣ.
___Дар баёзи ин сина изи бӯсааш чун гул,
___Мондааст, ки моро кушт моҷарои гулпоӣ.
___Кӯрагоҳи оғушам бо фатири лабҳояш,
___Мепазад ду рухсораш кулчаҳои таҳҷоӣ.
___Ҳамнавои Пайдовар, моҳу ахтару ховар,
___То расад ба доди дил, он парии руъёӣ.
Шараф
Пайдовар
Умарзода
13.01.2025.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев