Ту аз ман меравӣ имшаб, шаби дигар шаби ман нест,
✨...Чаман ҳар сол механдад, насиби ман шукуфтан нест,
💫...Насибам сӯхтан будаст, аз чашми ту даргирам,
✨...Аз ин сармо халоси ман ба ҷуз ин сӯзи гулхан нест.
💫...Шабу рӯзам ба як ранг аст, дар рӯи дилам санг аст,
✨...Зи ишқи ту халосӣ нест, шомам бе ту равшан нест.
💫...Ба ҷое мерасад корам зи дасти дидаи чорам,
✨...Чӣ созам бо диле, ки аз ман асту лек бо ман нест.
💫...Ҳамегӯянд моро ҷуфти ҳамовозу ҳампарвоз,
✨...Вале ин гуфтугӯҳоро ҳақиқат ҳамчу арзан нест.
💫...Раҳи ту сӯи дилҳо мумфаршу тахту наздик аст,
✨...Раҳи ман то дили ту аз миёни боғу гулшан нест.
💫...Бигирям кӯдакам хонӣ, бихандам гӯӣ бедард аст,
✨...Чӣ созам, ки нахандиву нагӯӣ «ошиқӣ фан» нест.
💫...Мизони ақли ман бар мекашад ҳам санг, ҳам тилло,
✨...Вале чун бар кашад аҳволи худ гар санги садман нест?!
💫...Ту аз ман меравӣ имшаб, шаби дигар шаби ман нест,
✨...Чаман ҳар сол механдад, насиби ман шукуфтан нест.
📝ГУЛРУХСОР.
1976.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Бар сари ин зиндагӣ то рузи мурдан гиря кун.