Предыдущая публикация
__Халқе ба Ту машғулу, Ту ғоиб зи миёна.
____Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
__Яъне ки туро металабам хона ба хона.
____Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди ту гӯяд ,
__Мутриб ба суруди наю, булбул ба тарона .
____Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву, ман толиби дидор,
__Ӯ хона ҳамеҷӯяду, ман соҳиби хона .
____Мақсуди ман аз масҷиду бутхона Туи Ту.
__Мақсуд Туӣ Каъбаву бутхона баҳона .
____Чун дар ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
__Девона наям ман, ки равам хона ба хона.
____Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами туст,
__Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.
Хаёлии Бухороӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев