Предыдущая публикация
Ба Худо ки аз чунин ғам нашавад дилам шикаста.
Зи ту ҳаст ончи дорам, ба ҷаҳон чу беҳтаре нест
Ҳама рӯзи рӯзгорам зи ту мешавад хуҷаста.
Чӣ хаёл метавон карду чӣ хобҳо тавон дид,
Зи рухи чу офтобат нашавад ду дида хаста.
Ту ҳамон ъазизи ҷонӣ ки пур аз шукӯҳи ишқӣ,
Ҳама умр шод бошӣ, на ғамин, на дилшикаста.
Зи кадом гӯша, эй маҳ ва кадом каҳкашонӣ ?,
Ҳама фикру зикри ман ту, дилам аз ҷаҳон гусаста
Ба қади баландат, эй ҷон, нигаҳам гиреҳ хӯрда,
Шабу рӯз интизорам, мани дил ба васл баста.****
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев