__Ятимиро зи хотир бар , барояш мому бобо деҳ .
___Канори боғи нодоре шамоли зулфи худ овар,
__Дар ин вайронаи олам барояш қасри Доро деҳ.
___Зи шарри золимони аҳли ҷоҳу маснаду минбар,
__Ба ҳар як муъмини олам сафои боғи мино деҳ.
___Зи равзанҳои қалби рехтаам боре назар андӯз,
__Ба ҳар як қатраи ашкам равонамро ба Лайло деҳ.
___Навис бо мистари зулфат санои ишқи зебоям,
__Ба лабҳои муҳаббат ҷуръае аз ҷоми лабҳо деҳ.
___Нидои ишқро бар то фалак бо изни Раҳмонӣ,
__Калиди бахти ёронро ба Вомиқу ба Узро деҳ.
___Ҳазору як шаби шабҳои васламро мунаввар кун,
__Ҳазорон қиссаи шаҳзоди эҳзонро ба яғмо деҳ.
___Шамоил додӣ зангиро маро худ субҳи раъно шуд,
__Ба ҳар ҷо дидаи кӯр аст, барояш ҳусни Салмо деҳ.
___Бизан як панҷаи обе ба рӯи аҳли пурхобе,
__Сари саҷҷодааш овар , дуъои шоми ялдо деҳ.
___Бубар аз хотири дунё фиребу макри шайтонӣ,
__Ба некон ҷоҳу бар амни халоиқ набзи илқо деҳ
___Ба Пайдовар агар додӣ нигорат қонуни васлат,
__Каломаш доди Раббонист, варо девони фардо деҳ.
Шараф
Пайдовар
Умарзода .
10.03.2024.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев