Шиша, ки бошӣ мешикананд туро ба ҷурми шаффофӣ ва мегӯянд:
Шикастаниро бояд шикаст...
___САХТ бош Бону!!!
Нарм ки бошӣ туро хафа мекунанд зери ғурурашон ва мегӯянд:
Сукут нишонаи ризоият аст...
___МАРД бош Бону!!!
Зан ки бошӣ лагадкӯбат мекунанд зери ҳавасҳояшон ва мегӯянд:
Ҳарза буд...
___РӮБОҲ бош Бону!!!
Ором, ки бошӣ қурбоният мекунанд бо маккории тамом ва мегӯянд:
Сода буд...
___ФАРЁД бош Бону!!!
Оҳ, ки бошӣ туро меозоранд бо ҳар зулме ва мегӯянд:
Агар дард дошт фарёд мезад...
___ЗАХМ бош Бону!!!
Марҳам, ки бошӣ туро пар мекананд аз дард барои беҳбудиашон ва мегӯянд:
Ту ёд овар дардӣ...
___МАҒРУР бош Бону!!!
Бону....!
Барои касе, ки барояд намеҷангад, наҷанг...
___Чаро ашкҳоятро ҳар рӯз пок мекунӣ...
Касе ки боиси гиряаат мешавадро пок кун...
___Бону....!!!
Ба сӯйи касе, ки ноз мекунад дасти ниёз дароз накун...
БИЁМӮЗ ин ту ҳастӣ, ки бояд ноз кунӣ...
___Бону...!!!
Ту ЗЕБОТАРИНӢ...
Ҳамеша бо ин бовар зиндагӣ кун...
Худатро фаромӯш накун...
Шояд гиря ва хандаат барои баъзеҳо беарзиш бошад...
Аммо ба ёд дошта бош, касоне ҳастанд, ки вақте механдӣ ҷони тоза мегиранд.
___Бону...!!!
Ҳеч гоҳ барои шурӯи дубора ДЕР нест...
Иштибоҳ ки кардӣ БАРХЕЗ...
Фарқе надорад, бигзор дигарон ҳар чи мехоҳанд бигӯянд...
___ХУБ БОШ...!!!
Вале саъй накун инро ба дигарон бифаҳмонӣ, агар касе, ки заррае шуур дошта бошад, хос буданатро дармеёбад...
___Бону...!!!
Шояд "Шоҳзода"-ро ҳама бишносанд, аммо бовар дошта бош, ки барои" ПАДАРАТ" ту "МАЛИКА" ҳастӣ!!!
____Гиря кардаӣ?
___Ранҷ кашидаӣ?
__Азъиятат кардаанд?
_Айбе надорад...!!!
___Нагузор ТАКРОР шавад...
Такрор дардноктар аст Бону!!!
( ? )
Санги Сабур .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев