Имшаб шаби Меъроҷ аст. 26 уми январ (шаби 26-27 уми моҳи Раҷаб).
*Фазилати Шаби Меъроҷ*
Дар шаби Меъроҷ ба Паёмбарамон (с) се неъмати бузург ато карда шуд, се Туҳфа.
1- Панҷ вақт намоз.
2- Ду ояти охирини сураи Бақара, ки бо номи Оманаррасулу маъруф аст
3 - Касоне, ки ба Худо ширк намеоранд, бахшида мешаванд. (Муслим, Имон: 279)
Шаби Меъроҷ ба монанди 2юм Шаби Қадр аст.
Дар ин шаби муборак 1 савоб ба 1000 маротиб зиёд мешавад. Ин шабҳо ғанимат аст. Шабро ба ибодат ва рузашро ба Руза гузаронидан афзал аст. Агар имкон бошад рузона каме хоб карда ва шаби Меъроҷро бо ибодат эҳё кардан.
Шабро бо иботаҳо эҳё кардан лозим аст
1 - Қуръон хондан (ҳадди ақал Ёсин, Фатҳ, Раҳмон, Воқиъа, Мулк)
2- Салавот гуфтан
3- Тавба - Истиғфор кардан
4- Намоз хонад (Намози Ҳоҷат, Тасбиҳ, Таҳаҷҷуд ва намозҳои нафл, қазоги бошад қазогиҳо)
🕋🕋🕋🕋🕋🕋
* *Намози ҳоҷат* — намозе аст, ки ҳангоми ба ягон мушкиле дар зиндагӣ, сахтиҳои рӯзгор ва ниёзҳои динӣ ва дунявӣ рӯ ба рӯ гарданд ва ё дар ҳолати ногуворе қарор гиранд, 2 ва ё 4 ракъат намоз ба нияти рафъи ҳоҷат ва ҳалли мушкилот хонда мешавад.
*Дар 1 ум ракаъат баъди Фотиҳа 3 бор Ояталкурси. Ва дар 2 - 3 - 4 ракаъат баъд аз фотиҳа (Ихлос, Фалақ, Нос)*
Пас аз намоз ба даргоҳи Худованд банда дуъои Ҳоҷатро бихонад.
🕋🕋🕋🕋🕋🕋
* *Намози Тасбиҳ* - Расули Худо (с) ба амаки худ Аббос (р) фармуданд: “Агар битавонӣ, ҳар рӯз бихон ва агар вақт надоштӣ, ҳафтае як бор, агар ин ҳам муяссар нашуд, моҳе як бор ва агар дар моҳ муяссар нашуд, дар умр як бор бихон, Худованди Мутаъол тамоми гуноҳонатро мебахшад”.
Намози тасбеҳ чаҳор ракъат буда, дар он 300 бор ин тасбеҳ хонда мешавад:
« *Субҳоналлоҳи вал-ҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар* вало ҳавла вало қуввата илло биллоҳил-ъалиййил-ъазим».
Тасбеҳи мазкур дар дохили намоз чунин хонда мешавад:
15 бор баъд аз сано (пеш аз «Фотиҳа»).
10 бор баъд аз замми сура.
10 бор дар рукуъ.
10 бор вақти рост шудан аз рукуъ (дар қавма).
10 бор дар саҷдаи аввал.
10 бор дар байни ду саҷда (дар ҷалса).
10 бор дар саҷдаи дувум.
Ин тасбеҳот дар ракъати аввал 75 бор ва дар ракъати дувум низ 75 бор бо ҳамин тартиб хонда мешавад. Ракъатҳои севум ва чаҳорум низ чунин аст. Фазилат ва савоби ин намоз бағоят бузург аст. («Раддул-муҳтор», 2, с. 28-29)
🕋🕋🕋🕋🕋🕋
* *Намози Таҳаҷҷуд* - ҳадди ақал 4 ракаат ва агар вақти бештар дорӣ 8-12 ракаат намоз бихон ва дар саҷда аз Худованд хайри ин дунё ва охиратро талаб кун ва дуо кун то раҳматашро дар ин шаб нузули раҳмату мағфират бароят муяссар гардонад. 🌿🍁🌿
🕋🕋🕋🕋🕋🕋
* Баъд аз намози Таҳаҷҷуд пеш аз намози бомдод барои рӯза гирифтан чизе бихур (Саҳур)
🍇🍈🍞🥐🥯🍳
* Пеш аз намози Бомдод вақтеро барои гуфтани истиғфор ҷудо кун то аз ҷумлаи المستغفرين في الأسحار навишта шавӣ.
🤲🤲🤲🤲🤲🤲
* Панҷ дақиқа пеш аз азон барои намози бомдод омодагӣ бубин ва эҳсос кун ки гӯё гуноҳонат ба мисли қатраҳои обе, ки ҳангоми вузу аз аъзоат мерезад аз ту хориҷ мешаванд.
🚿🚿🚿🚿🚿🚿
* Дуои баъди вузуро бихон.
📙🤲💧💧🤲🤲
* Намозатро бо ҷамоат бихон агар карантин бошад дар масҷид бо аҳли оилаат бихон
🕣🌅🌅🌅🌅🌅
* Агар тавони то баромадани офтоб бедор бош. Дар ин вақт метавонӣ Қуръон тиловат кунӣ, тасбеҳ гӯйи, шукр гӯйи. Азкори субҳ аз ёдат наравад.
🌇☀🌇☀🌇☀
* Ду ракаат намози ишроқ бихон то, ки аз ҷумлаи онҳое навишта шавӣ, ки як ҳаҷу умра бо Расули Худо (с) кардаанд. Кӯшиш кун онро аз даст надиҳӣ.🕋🕋🕋
🤲🤲🤲🌅🌅🌅
✅✅✅✅✅
Аҳли оилаатро аз ин огоҳ соз ва ба ҳар касе, ки дӯсташ дори равон бикун.
🌿🌹🌿🌹🌿🌹🌿
Аз Худованд талаб кун то фазилати ин ҳабро барои худат ва барои тамоми касоне, ки ин рисола ба онҳо мерасад ва барои ин бандаи гунаҳгор насиб бигардонад.✔ Омин.🌹🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев