___Нафаре аз гузаштаҳо чунин нақл мекард: Рӯзе ба занам гуфтам, ки шаб ба хона меҳмон даъват кардаам ва бояд то шаб хона тозаву мураттаб ва ҳама чи барои пазириши меҳмонҳо омода бошад.
___Ҳамсарам гуфт: Ба чашм.
Ва ман сӯи саҳро ба кор рафтам ва то шом сахт кор кардам. Чун бегоҳ ба хона расидам, дар он торикӣ ҳамсарамро дидам, ки дар гӯшае аз хона хоб аст ва ҳеҷ омодагие барои пазируфтани меҳмонҳо надидааст.
___Мани хаста чун ин ҳолатро дидам, аз шиддати асабоният то тавонистам ӯро бо калтак латукӯб намудам. Бо тамоми қувват зарба мезадам, ки ногаҳон ҳис кардам садояш садои занам нест. Хубтар бинам, хона хонаи худам нест, балки аз ҳамсоя аст.
___Аз шиддати хиҷолат ва шармандагӣ босуръат берун рафтам. Вақте, ки вориди хонаи худ шудам, дидам, ки ҳамсарам ҳама чиро омода кардааст ва меҳмонҳо низ мунтазири ман нишастаанд. Ба касе аз аҳволи худ чизе нагуфта нишастам ва ҳаросон будам, ки шояд ҳамин ҳоло ҳамсоя барои шикоят меояд. Аммо он шаб гузашт ва касе наомад.
___Се рӯз аз он моҷаро гузашт ва бозҳам касе наомад ва ман дигар тоқат накарда ба бозор рафтаму як ҳалқаи тилло харида ба хонаи ҳамсоя омадам ва ба марди он гуфтам: Хеле шармандаам. Ин тӯҳфаи ночизро ба ҳамсаратон диҳед ва аз номи ман хоҳиш кунед, ки ба хотири озори додаам маро бахшад. Хаста будам ва мутаваҷҷеҳ нашудам, ки хона, хонаи худам нест ва...
___Мард дар ҷавоб хандиду гуфт: Ростӣ ин ҳамаро ман алъон аз ту мешунавам. Занам чизе ба ман нагуфтааст. Аммо дар ин се рӯз чизе, ки бароям аҷиб буд, тағйири рафтори занам буд, ки ҳар боре аз кор ба хона меоям, ҳама ҷо мураттаб ва ҳама чи омода аст.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3