Предыдущая публикация
Ҳам ваъдаҳои пур зи таманно дурӯғ буд?
Бо сад алам зи ҷабри фалак қисса карданат ,
Он дардҳову ғуссаву савдо дурӯғ буд?
Ҳаргоҳ ки камнамо шавам аз пушти кору бор,
Кардан сиришки хеш чу дарё дурӯғ буд?
Он "дӯст дорамат" магар буд аз сари забон?
Он розҳои чу шеър гуворо дурӯғ буд?
Ман рашкбону гуфтаам аз содагӣ туро,
Он рашкҳову қаҳру тавалло дурӯғ буд?
Дар соати висол шукуфтан мисоли субҳ,
Гулхандаҳои хушу дилоро дурӯғ буд?
Гар аз пайи саодати худ меравӣ, бирав,
Ҳаргиз магӯ муҳаббати Сино дурӯғ буд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
___Оинаро ба сӯи дигар тофтам, дурӯғ!
___Таъриф карда ишқи нави хешро, ба ту,
___Аз он ҳазор қиссаи нав бофтам, дурӯғ!
___Гуфтам, ки одате ки ҳама шаб ба ёди ту,
___Бо моҳ ҳамнаво будам, партофтам, дурӯғ!
___Гуфтам, ки бо нигоҳи нахустин ба сӯйи ӯ,
___Падруд гуфта ҷабри ту, биштофтам, дурӯғ!
___Гуфтам, ки дод он санами некху ба ман,
___Он меҳрро, ки аз ту намеёфтам, дурӯғ!
___Гуфтам, ки синае, ки буди баста аз дарун,
___То ки туро бурун кунам, бишкофтам, дурӯғ!
___Худ гу, шабеҳи чашми ту ҷуз чашми ту куҷост?
___Ҷуз ишқи ту ҳар ишқ ки ман ёфтам дурӯғ!
Кадриддин Бобоев.
Гуфти зи ишқ гуфтанат фанду дуруг буд,
Қалбат тихиву ори зи нуру фуруғ буд.
Лекин дуруғи ишқ набуд сузу охи ту,
Ман хис кардаам ки фуруғи нигохи ту,
Лабрези мехр буд,
Ин хам дуруғ буд?
Рузе ки сози ишки ману ту ба сад наво,
Оханги васлу табли вафоро хаменавохт.
Рузе ки осмон зи шавки висоли мо,
Аз базми дилнавози мухаббат хамешикофт.
Ин хам дуруг буд?
Ту бо хазор хасрату мехру вафову ишқ,
Меомади ба даргахам бо охи дилфигоо.
Оғуши ту барои ман лабрези мехр буд,
Хастии ман барои ту афсонаи хазор.
Ин хам дуруғ буд?
Пас бо хазор хасрату дарду вафо дигар,
Ошиқтарини ошиқон дар ин замона кист?
Пас ин хама дуруғ бувад,вою сад дарег,
Маънии ишқро бигу охир, ки чист? Чист?