__Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ.
___Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
__Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.
___Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
__Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”.
___Сад боди сабо имшаб, бо силсила мерақсанд,
__Ин аст ҳариф, эй дил, то бод напаймоӣ.
___Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
__К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ.
___Ё Раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам,
__Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷойӣ.
___Соқӣ, чамани гулро бе рӯйи ту ранге нест,
__Шамшод хиромон кун, то бод биёроӣ.
___Эй дарди Туам дармон, дар бистари нокомӣ,
__В-эй ёди Туам мӯнис, дар гӯшаи танҳоӣ.
___Дар доираи қистмат мо нуқтаи паргорем,
__Лутф он чӣ Ту андешӣ, ҳукм он, ки Ту фармоӣ.
___Фикри худу ройи худ, дар олами риндӣ нест,
__Куфр аст дар ин мазҳаб, худбиниву худроӣ.
___З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
__То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.
___Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯйи хуши васл омад,
__Шодит муборак бод, эй ошиқи савдоӣ.
ҲОФИЗ ШЕРОЗӢ.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев