Падари ман дурӯғгӯ буд:
Медонед чаро!?
___Вақте аз кор ба хона меомад,мепурсидам:
+++Падарҷон хаста ҳастӣ?
--- Мегуфт: На ҷони Падар!
___Вақте медидам ба фикр фурӯ рафтааст,мепурсидам:
+++Падарҷон мушкилӣ дорӣ?
--- Мегуфт: На ҷони Падар?
___Вақте сари дастархон меваро ба ман медод...
+++Мегуфтам: Шумо намехӯред?
---Мегуфт: На ҷони Падар!
___Вақте бозор мерафтем,бори вазнинро мегирифт...
+++Мегуфтам: Падарҷон бароят вазнин нест?
---Мегуфт: На ҷони Падар!
___Вақте иде мешуд барои мо либоси нав мехарид, вале худаш либоси кӯҳнаашро мепӯшид...
+++Мепурсидам: Падарҷон чаро барои худ либосӣ нав намехаред?
---Мегуфт:Дӯст надорам ҷони Падар!
___Рӯзҳову солҳо гузашт бузург шудам,пухта шудам акнун фаҳмидам, ки Падарам дурӯғ мегуфт...
___Хаста мешуд...
___Мушкили дошт...
___Мариз буд...
___Борҳои зиндагӣ сангин буд...
___Ғизои хубро дӯст медошт...
___Истироҳатро дӯст медошт...
___Аммо...
___Ба хотири мо дурӯғ мегуфт,ки хӯш бошем...
___Ба хотири мо нахурду напӯшид...
___Ба хотири мо на сармо гуфту на гармо гуфт,шабу рӯз кор кард то мо гурусна набошем...
___Ба хотири мо муҳоҷир шуд,то аз дигарон кафо набошем...
___Ба хотири мо ба ҳама сахтиҳои зиндагӣ тоб овард...
___Ба хотири мо ҳама мӯйҳои сараш сафед гашт,пир шуд..
___Аммо мо бар ивази ҳамаи ин чикор кардем!?
___Чӣ???
___Сад афсӯс!!!
___Ба қадрӣ Падарҳоятон бирасед!!!
___Зинда бошӣ Падарҷон...Ман бо шумо ифтихор мекунам!!!
✍🏻ФОСИЛА.
Диловар Сафаров.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев