Предыдущая публикация
__Душмани лабханди худро бишкану шарманда кун.
__Сабз гӯй, то сабз гардад боғи армону ҳавас
__Заҳрпечакро зи марзи хандаҳоят канда кун.
__Ишқро дар тирагиҳои ҳаёти бесафо
__Ё чароғи раҳнамо ё ахтари рахшанда кун.
__Эй дили ман, соати дастии умри даргузар
__Фурсати хандидани бахти маро поянда кун.
__Файлҳои хотиротат пур зи ёди рафтаҳост
__Фикри имрӯзи ману андешаи оянда кун.
__Чашмсабзеро, ки шоҳи кишвари худ хондаӣ
__Бо ғуруру бо нигоҳҳои базебат банда кун.
__Бар мани мискин чӣ овардӣ фақат ранҷу азоб
__Қисмато, шодӣ биёвар ҳадяи арзанда кун.
Anisa Manonova.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев