Дар олами танҳоиву дар маҳфили ғамҳо,
💔...Ман номи туро гираму ту номи рақибам.
💔...Сад нома нависам ба алам бо хати зебо,
💔...Танҳо ту бихонӣ хату пайғоми рақибам.
💔...Аз ишқи ту бар ман бирасад дарду ғаму ранҷ,
💔...Як қалби балосанҷ, як кишвари беганҷ
💔...Шодию фараҳ бахту саодат зи ту ҷоно
💔...Бе ҳеҷ муаммо бар коми рақибам.
💔...Аз ҳадяи ту мушкилу ғамҳост, ташаккур
💔...Эй кони такаббур, эй шӯълаи бенур
💔...Сад дастагули меҳру сафо дасти ту ҳар ҷо
💔...Бар қасди дили мо инъоми рақибам.
💔...Ман заҳри забонат бичашам, ғусса хӯрам беш,
💔...Оҳ чархи бадандеш, эй душмани бадкеш
💔...Шаҳду шакари бахти наку бо сари боло
💔...Андар қадаҳ оҳҳо дар ҷоми рақибам.
💔...Шабҳои дилам тираву бе шамъу чароғе,
💔...Биншинаму гирям, ғам бинаму гирям.
💔...Сад лаҳзаи романтикӣ бо ҳадяи воло ,
💔...Бо ишқи саропо дар шоми рақибам.
💔...Ин дил, ки ба зиндони ту аст, муддати сад сол,
💔...Бечораю беҳол, бо қомати чун дол
💔...Афсӯси ту эй ишқи мани хаставу танҳо,
💔...Ҳастӣ ту мудом бандиву дар доми рақибам.
АНИСА МАНОНОВА.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев